Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари низомиёни Литва ба Чин, Русия ва Беларус манъ шуд


Ҳукумати Литва сафари ғайрикории ҳарбиёни ин кишварро ба Русия, Беларус ва Чин манъ кард.

Дар Вазорати дифои Литва ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ин рӯйхат бар асоси баҳогузории хатару таҳдидҳо ба амнияти миллии кишвар таҳия шудааст.

“Дар Стратегияи амнияти миллӣ зикр шуда, ки Русия, Чин ва Беларус ба амнияти Литва ва шаҳрвандони он хатар доранд. Аз ҷумла, хадамоти амнияту иктишофии ин кишварҳо зидди Литва амалҳои ҷосусӣ анҷом медиҳанд,” -- омадааст дар қарори ҳукумати Литва.

Ҳамчунин сафари транзитии низомиёни Литва ба воситаи кишварҳои мазкур, ба ҷуз аз ҳарими ҳавоӣ низ манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG