Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти хабарнигори як расонаи Ҷопон дар Кобул


Намояндагони "Толибон"
Намояндагони "Толибон"

Қудратиҳои гуруҳи "Толибон" хабарнигори оҷонси "Киодо"-и Ҷопон Эҳсон Акбариро дар шаҳри Кобул дастгир кардаанд.

Дар ин бора Маркази рӯзноманигории Афғонистон (AFJC) хабар дод.

Ҳамкорони Акбарӣ низ аз боздошти ӯ ба Кумитаи Дифоъ Аз Хабарнигорон гузориш додаанд.

Ба иттилои ҳомиёни расонаҳо, Эҳсон Акбарӣ рӯзи 17-уми январи имсол ба Маркази давлатии иттилоотӣ дар Кобул даъват шуда, маъмурони Раёсати иктишофии "Толибон" ӯро дар онҷо дастгир кардаву бо худ бурдаанд.

Маҳалли будубоши ӯ феълан маълум нест.

Дертар Акбарӣ ба хонаводааш занг зада, хостааст, телефонашро ба маъмурон бидиҳанд.

Маъмурони амниятии "Толибон" худи он рӯз коргоҳи хабаргузориро дар Кобул бозҷӯӣ карда, навори дурбинҳои назоратӣ, компютер, телефони моҳвораӣ ва ҳуҷҷатҳоро бо худ бурдаанд.

XS
SM
MD
LG