Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Трамп дар интихоботи ҷумҳурихоҳон дар Ню Ҳемпшир


Доналд Трамп, президенти пешини Иёлоти Муттаҳида
Доналд Трамп, президенти пешини Иёлоти Муттаҳида

Доналд Трамп, президенти пешини Амрико, рӯзи 23-юми январ дар интихоботи ҷумҳурихоҳон дар Ню Ҳемпшир баранда шуд.

Бо ин, ӯ ба рақобат дар интихоботи моҳи ноябри имсол ба зидди президенти ҳозира, Ҷо Байден, аз Ҳизби демократ як қадами дигар наздик гардид.

Аммо Никки Ҳейлӣ, рақиби Трамп дар Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва намояндаи собиқи Амрико дар Созмони Милал, ваъда додааст, ки маъракаи интихоботиашро идома медиҳад.

Ҳейлӣ рӯзи 23-юми январ гуфт, "рақобат ҳанӯз ба поён нарасидааст". Ӯ дар ҳоле ки худро "мубориза" ва "сарбоз" номид, Трампро ба баҳс даъват кард.

Аз тарафи дигар, назарсанҷиҳо баёнгари онанд, ки Ҷо Байден, президенти ҳозира дар интихоботи дохилии ҳизбӣ дар аёлати Ню Ҳемпшир бар рақибаш Дин Филлипс, узви Маҷлиси Намояндагон пирӯз хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG