Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кӯдакон метарсанд." Чораи зидди "буққагарӣ" дар мактабҳои Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Зӯргӯйӣ, таҳқир, пастзанӣ ва таҳдид. Маҷмӯи инҳо "буллинг" ё "озордиҳӣ" ном доранд ва аз 52 то 60 дарсади ҷавонону наврасон бо чунин бархӯрд рӯбарӯ мешаванд. Гоҳе ин ҳолат онҳоро ба худкушӣ ҳам мерасонад.

Аслан тарҷумаи “буллинг” ба тоҷикӣ “буққагарӣ” аст ва дар форсӣ онро “қулдурӣ” ё “муштзӯрӣ” ҳам меноманд. Дар бораи ҳамин падида дар Тоҷикистон бори аввал раҳнамое таҳия ва пазируфта шуд, ки бояд аз он дар мактабҳо пешгирӣ кунад.

"Ҳатто худкушӣ мекунанд"

Бобоҷон Ҷаҳонгир, намояндаи Вазорати маориф ва яке аз муаллифони раҳнамо (дастурамал), гуфт, падидаи озордиҳӣ дар Тоҷикистон низ “доғ” аст ва ниҳоди онҳо тасмим гирифт ин мавзуъ ба сурати расмӣ ва касбӣ барои омӯзгорону донишомӯзон омӯзонда шавад.

“Ба воситаи ин санад омӯзгорон огоҳ мешаванд, ки озордиҳӣ чист, киберозордиҳӣ чист ва чӣ хел бо он мубориза бурдан зарур аст. Субъекти озордиҳӣ ва киберозордиҳӣ дар мактабҳо хонандагон ҳастанд. Агар пешгирӣ накунем, хонандагон аз мактаб дур мемонанд, аз дарс даст мекашанд ва ҳатто метавонад худкушӣ кунанд,” – шарҳ дод Бобоҷон Ҷаҳонгир рӯзи 10-уми июн.

Фирӯза Мирзоева
Фирӯза Мирзоева

Равоншиносон мегӯянд, таъсири озордиҳӣ ё “буллинг” мумкин аст, тамоми умр дар вуҷуди инсон монад. Тавре тоҷикон мегӯянд, “захми табар меравад, захми сухан на”.

"Он дар натиҷа ҳамеша ба инсон таъсир мерасонад. Дар озордиҳие, ки дар мактабҳо рух медиҳад, шоҳид нест, ҳама ҷабрдидаанд. Ҳатто нафароне, ки хомӯшона назорат мекунад, онҳо низ дар ин ҳолат ҷабрдида ҳастанд. Аз ин рӯ, дар ин ҳолат намедонанд, чӣ кор кунанд, аз кадом тараф ҷонибдорӣ кунанд. Ва ин ташаббус хеле хуб аст," -- андеша дорад равоншинос Фирӯза Мирзоева.

Аммо аз назари ин равоншинос, дар ҳоли ҳозир мушкили асосӣ иҷроӣ кардани талаботи ин дастур аст, зеро дар мактабҳои Тоҷикистон равоншиносони касбӣ намерасад. Маоши онҳо ночиз, вале корашон вазнин аст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Дастури муқовимат ба озори ҷавонону наврасони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00

Фишору таҳдид аз тарафи кист?

Дилрабо Самадова, мудири созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ва яке аз таҳиягарони ин дастур мегӯяд, ҳоло сармоягузор меҷӯянд, то раҳнамо чоп ва дар мактабҳои ҳамагонии кишвар паҳн карда шавад.

"Кӯдакон ақида доранд, ки на ҳама вақт дар мактаб худро амн ҳис мекунанд. Ҳам аз тарафи муаллимон, ҳам аз тарафи хонандагони синнашон калонтар, ҳам аз тарафи нозирон, ки дар мактабҳо "рейд" мегузаронанд. Онҳо ба фишор ва таҳдидҳо дучор мешаванд. Масалан, ҷузвдонҳояшонро мекобанд, моликияти шахсии онҳоро мегиранд. Умуман кӯдакон тарс доранд," -- мегӯяд хонум Самадова.

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Вале ин ҳамсуҳбати мо гуфт, раҳнамо ё дастуамали нав ҳузури намояндагони мақомоти қудратиро дар мактабҳо ҳамчун "буллинг" фаро намегирад. Қонунгузории Тоҷикистон барои пешгирӣ аз ҷиноят иҷоза додааст, ки онҳо бо мактабхонҳо кор кунанд.

Ин дастурамал бо фармони вазири маориф ва илм тасдиқ шудааст, ки дар идома мудирони мактабҳо, раҳбарони синф ва омӯзгорони мактабҳо дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз озордиҳӣ бар асоси он кор хоҳанд кард.

Дастури зидди “буққагарӣ” дар ҳоле аз сӯи Вазорати маориф ва илм, Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ бо пуштибонии Оҷонси рушди байнулмилалии Иёлоти Муттаҳида омода шудааст, ки солҳои охир мавридҳои хушунату кордзанӣ дар мактабҳо ва озордиҳии онлайнӣ дар интернет ба авҷи худ расида, нигарониҳоро дар ҷомеа ба бор овардааст.

XS
SM
MD
LG