Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳашт моҳ боз ҷанг аст, зӯрам ба харидани чорвои қурбонӣ намерасад"


Дайр ал-Балаҳ, Ғазза. Фаластиниҳои беҷошуда. Моҳи майи соли 2024
Дайр ал-Балаҳ, Ғазза. Фаластиниҳои беҷошуда. Моҳи майи соли 2024

Иди Қурбон, яке аз ду ҷашни муҳими мусулмонон, имсол шоми шанбеи 15-уми июн оғоз ёфта, то 19-уми июн идома хоҳад кард. Дар арафаи ин ид бозори чорвопарвари фаластинӣ Билол Ашӯр гарм нест. Ӯ мегӯяд, ҳашт моҳи ҷанг тиҷорати ӯро дар вазъи ногувор қарор дод.

"Ин ҷанг боис ба талафоти шумори зиёди гӯсфандон гардид. Чорво кам мондааст. Нархҳо боло рафта, барои ғизо ҳам маблағи бисёр лозим аст. Гӯсфандон хӯроки кофӣ намехӯранд. Бубинед, чӣ хел лоғар ҳастанд ин гӯсфандон," – гуфт Билол Ашӯр.

Иди Қурбон ё "Ид ал-Азҳо" дар анҷоми маросими ҳаҷ бо қурбонии чорво дар роҳи Худо сурат мегирад. Сокини минтақаи Дайр ал-Балаҳи Ғазза Абу Муҳаммад мехост барои ид қурбонӣ кунад, вале нархҳоро дида, ба хулоса омад, ки эҳтимол имсол барои тақдими моли қурбонӣ ба ниёзмандон имкон нахоҳад дошт.

Ӯ гуфт: “Дар давоми ҳашт моҳи ҷанг ҳамин гӯсфандон мондаанд. Чорвопарварон барои як килои гӯшти ин чорво 16 динори урдунӣ талаб мекунанд, ки ба 22 доллари Амрико баробар аст. Ман ин хел пул надорам. Мо дар давоми ҳашт моҳи гузашта даромаде надоштем. Омодa будам, ки чорвое барои қурбонӣ дар роҳи Худо бихарам, вале корам омад накард."

Муноқишаи охири Исроилу фаластиниҳо ҳафтуми октябри соли 2023, баъд аз ҳамлаи ҷангҷӯёни гурӯҳи "Ҳамос" ба Исроил ва гаравгонгирии исроилиҳо оғоз ёфт.

"Ҳамос", ки аз тарафи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи террористӣ унвон гирифтааст, беш аз як ҳазору дусад нафарро кушта, даҳҳо нафари дигарро ба гарав гирифт.

Дар амалиёти ҷавобии артиши Исроил дар Ғазза, ба қавли ниҳодҳои фаластинӣ, наздик ба 37 ҳазор фаластинӣ ба ҳалокат расидааст.

Абу Мозин макони доимии зисташро дар Ғазза тарк карда, дар минтақаи Дайр ал-Балаҳ паноҳ бурдааст. Ӯ гумон надорад, ки имсол сокинони Ғазза ба баргузории маъракаҳои анъанавии Иди Қурбон қодир хоҳанд буд.

"Иди Қурбон як ҷашнвораи хос барои мо - мусулмонон аст. Ҳар сол ба бозор рафта, барои қурбонӣ чорво мехарем. Ин амал як эҳсоси фараҳ меорад," – гуфт ӯ, вале ҳамзамон илова кард, ки "имсол дар Ғазза ин рамзи Иди Қурбон дида нахоҳад шуд".

Видеоро дар инҷо бинед:

"Имсол барои харидани чорвои қурбонӣ зӯрам намерасад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00
XS
SM
MD
LG