Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амният қатъномаи оташбаси фаврӣ дар Ғаззаро қабул кард


Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи пешниҳодии Амрико дар ҳимоят аз тарҳи ироашуда аз сӯи Ҷо Байден барои оташбас дар ҷанги байин "Ҳамос" ва Исроилро бо 14 раъйи тарафдор қабул кард.

Дар ҷаласаи ин Шӯро, ки рӯзи душанбе баргузор шуд, Русия аз раъй додан худдорӣ кард ва 14 узви дигар аз он қатънома тарафдорӣ карданд. Амрико матни ин қатъномаро рӯзи якшанбе ва пас аз шаш рӯзи музокира бо аъзои ин Шӯро пешниҳод карда буд.

Ин қатънома аз пешниҳоди нави оташбаси раиси ҷумҳури Амрико ҳимоят мекунад. Тарҳе, ки ишора шудаааст, ки Исроил онро пазируфта ва дар идома аз "Ҳамос" мехоҳад онро бипазирад.

Қатънома хостори он шудааст, ки "Ҳамос" ва Исроил "бетаъхир ва бе қайду шарт", бандҳои онро ба шакли комил иҷро кунанд.

Гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" дар баёнияе аз қабули қатънома ҳимоят ва аз тарҳи оташбас дар Ғазза истиқбол ва эълон кард, ки омодаи ҳамкорӣ бо миёнаравҳо барои амалӣ шудани бандҳои ин тарҳи оташбас аст.

Линда Томас Гринфилд, сафири Амрико дар СММ дар ин замина дар шабакаи Х навишт, "Исроил қаблан ин тавофуқро пазируфтааст. Агар "Ҳамос" тавофуқро бипазирад, даргирӣ метавонад ҳамин имрӯз қатъ шавад ва гаравгонҳо низ метавонанд ба хона баргарданд".

Дар ҳамин замина, Аммор Ҷомеъ, сафири Алҷазоир дар СММ дар ҷараёни нишасти Шӯрои Амният гуфт, "мо аз ин қатънома ҳимоят мекунем, "зеро мо ба ин бовар ҳастем, ки ин қатънома метавонад гоме ба пеш, ба тарафи оташбаси фаврӣ ва пойдор бошад".

Сафири Алҷазоир дар СММ афзуд, "ин шӯълаи умеде барои фаластиниҳо аст. Вақти он фаро расидааст, ки кушторҳо поён ёбад".

Сухангӯи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо низ пас аз қабули ин қатънома гуфт, "Иттиҳоди Аврупо аз қабули қатъномаи 2735-и Шӯрои Амнияти СММ дар ҳимоят аз пешниҳоди оташбаси эълоншуда дар 31 май истиқбол мекунад".

Ҷозеф Боррел дар шабакаи Х (Твиттери пешин) навишт, "мо бори дигар ҳимояти комили худро аз нақшаи роҳи семарҳилаӣ, ки аз сӯи раиси ҷумҳури Амрико пешниҳод шуд, эълон мекунад ва аз ҳар ду тараф мехоҳем, ки онро пазируфта, амалӣ кунанд".

Дар ҳоле, ки ҷанги Ғазза вориди нуҳумин моҳи худ шудааст, ин нахустин қатъномаи қабулшуда дар Шурои амнияти СММ аст, ки ба шакли ошкор хостори "оташбас" мешавад.

Президенти Амрико чанд рӯз пеш дар як суханронӣ дар Кохи Сафед тарҳи семарҳилаии оташбас дар Ғаззаро эълон кард.

Ҷо Байден гуфта буд, ки марҳилаи аввали ин тарҳ, ки ба муддати шаш ҳафта идома хоҳад дошт, "шомили оташбаси комил, ақибнишинии нерӯҳои Исроил аз минтақаҳои сераҳолии Ғазза, озодии шуморе аз гаравгонҳо, аз ҷумла занон, пиронсолон ва захмиҳо дар баробари озодии садҳо зиндонии фаластинӣ аст".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG