Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ширкати духтари президенти Тоҷикистон ҷоиза додаанд


"Сифат саноат", ширкати дӯзандагии вобаста ба Парвина Раҳмонова, духтари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар як озмуни ҳукумати Душанбе мақоми аввалро соҳиб шудааст.

Хабаргузории "Азия-Плюс" рӯзи 15-уми январ навишт, ки озмун барои муайян кардани беҳтарин соҳибкорони пойтахт гузашт.

Ба иттилои манбаъ, ҷойи аввалро дар бахши "Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук" ба мудири ширкати "Сифат саноат" Ҳокимшо Идиев додаанд.

Радиои Озодӣ дар таҳқиқоти рӯзноманигорӣ тирамоҳи соли 2023 маълум кард, ки муассиси "Сифат саноат" Парвина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсари сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашраф Гулов аст.

"Сифат саноат" либосҳои тиббӣ ва низомӣ медӯзад ва тендерҳои давлатиро соҳиб мешавад.

Ду ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар таҳқиқот тасдиқ карда буданд, ки Ҳокимшо Идиев, "Сифат саноат", ба соҳибкорони дигар фишор меорад, ки дар тендерҳо ширкат накунанд. "Идиев дар мулоқоти корӣ мегӯяд, "Сифат саноат" ширкати духтари президент аст," -- гуфта буд як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Таҳқиқоти Радиои Озодӣ дар бораи "Сифат саноат" ва ширкатҳои дигари духтари президенти Тоҷикистон аз тарафи Шабакаи ҷаҳонии таҳқиқоти журналистӣ дар ҳафтгонаи беҳтарин таҳқиқот дар соли 2023 зикр гардид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG