Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фаъоли иҷтимоии Қирғизистон дар маҳбас худкушӣ кардааст


Арстанбек Абилдаев
Арстанбек Абилдаев

Арстанбек Абилдаев, фаъоли иҷтимоии Қирғизистон, ки бо номи Арстан Алай машҳур буд, дар маҳбас фавтидааст. Ҷасади ӯро субҳи 5-уми январ дар ошхона ёфтанд.

Вакили мудофеъ Кайсин Абакиров гуфт, нафари таҳти ҳимояи ӯро, ки дар марҳилаи тафтишот қарор дошт, бе огоҳии вакил аз боздоштгоҳ ба маҳбас бурдаанд.

Вай аз Додситонии кулли Қирғизистон даъват кардааст, ки гунаҳкорони марги Абдилдаев ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Мақомоти иҷрои ҷазо дар Қирғизистон гуфтанд, Арстан Алай худкушӣ кард.

Ба нақли онҳо, вай бо қарори додгоҳ то миёнаҳои моҳи январ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда буд. Аммо рӯзи 28-уми декабр бо тавсияи пизишкон ӯро аз боздоштгоҳи муваққат ба маҳбас интиқол додаанд.

Ин фаъоли иҷтимоии Қирғизистонро 15-уми декабри соли 2023 ба гумони "барангехтани адовати мазҳабӣ" боздошт карда буданд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ "даъватҳое дорад, ки ба барангехтани адовати мазҳабӣ ва душмании байни мазҳабҳо равона шудаанд".

XS
SM
MD
LG