Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи ҷонбохтагони зилзилаи Ҷопон ба 64 расид


Ҷопон
Ҷопон

Шумораи ҷонбохтагони заминларзаи рӯзи 1-уми январ дар Ҷопон ба 64 нафар расид. Ин ҳодиса аз соли 2016 ба ин сӯ пурқурбонитарин дар Ҷопон будааст.

Рӯзи чаҳоршанбе дар минтақаҳои аз заминларза зиёндида борони сахт борид. Ин борон метавонад боис ба лағзиши замин гардад ва корҳои ҷустуҷӯиро барои наҷоти одамон душвортар гардонад.

Кумак ба зарардидагонро ҳамчунин вайроншавии роҳҳо ва зерсохторҳо мушкилтар кардаанд.

Мақомоти Ҷопон рӯзи 1-уми январ пас аз чанд заминларзаи шадид, ки қувваи яке аз онҳо ба 7.6 дараҷа мерасид, аз эҳтимоли сар задани сунамӣ ҳушдор доданд.

Соли 2011 дар Ҷопон заминларзаи сахт ва сунамӣ рӯй дода, боис ба садама дар нерӯгоҳи ҳастаии “Фукушимо 1” шуд.

XS
SM
MD
LG