Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Қирғизистону Узбекистон бар сари сохтмони роҳи оҳан


Бишкеку Тошканд ҳанӯз "гузинаҳои қобили қабули сармоягузорӣ"-и сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистонро баҳс доранд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии девони вазирони Қирғизистон баъди мулоқоти раиси девони вазирони он кишвар Оқилбек Ҷабборов бо вазири нақлиёти Узбекистон Илҳом Маҳкамов хабар дод.

Дар девони вазирони Қирғизистон гуфтанд, асосноксозии техникиву иқтисодии тарҳ дар моҳи июн тасдиқ шудааст.

Пештар аз ин президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфта буд, ки сохтмони ин роҳ дар соли 2024 шуруъ хоҳад шуд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, харҷи ибтидоии роҳ 4,7 млрд. доллар арзёбӣ шудааст. 311 км роҳи мазкур аз ҳудуди Қирғизистон хоҳад гузашт.

Коршиносон мегӯянд, пайдо кардани сармоягузор барои ин тарҳ кори душворест. Чин омода аст, ба бовари коршиносон, ки ин тарҳро комилан сармоягузорӣ кунад, аммо дар натиҷа метавонад, барои Қирғизистону Узбекистон шартҳои ногуворе гузорад.

XS
SM
MD
LG