Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ дар Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон


Тағйироти кадрӣ дар Нерӯҳои марзбонӣ рӯзи 22-юми декабр сурат гирифт
Тағйироти кадрӣ дар Нерӯҳои марзбонӣ рӯзи 22-юми декабр сурат гирифт

Ҳикматулло Пиракзода, муовини аввали фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, баъди ҳамагӣ чор моҳи таъйин шуданаш ба ин мансаб аз мақом барканор шуд.

Фармони раиси ҷумҳурӣ дар ин бора рӯзи 22-юми декабр баромад.

Ӯро дар ҳамин рӯз бо қарори ҳукумат сардори Донишкадаи олии сарҳадӣ таъйин карда, вале сабаби чунин тағйиротро нагуфтанд.

Генерал Пиракзода дар мақоми наваш Саломатшо Мирзозодаро иваз кард. Сабаби барканории Мирзозода “гузаштан ба кори дигар” гуфта шудааст, ҳарчанд маълум нест ба чӣ мақоме.

Ҳоло Муродалӣ Раҷабзода муовини аввали Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ таъйин шудааст. Вай ҳамзамон сардори Сарситоди ҳамин бахши Кумитаи давлатии амнияти миллист.

Мақомот сабаби ҷойивазкуниро дар Нерӯҳои марзбонӣ нагуфтанд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон танҳо навишт, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-юми декабр бо баъзе аз намояндагони Нерӯҳои марзбонӣ мулоқот кард ва “аз вазъи имрӯзаи печидаву пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуд.”

Тағйироти кадрӣ дар идораҳои давлатии Тоҷикистон пайваста аз тарафи мухолифони ҳукумат танқид мешавад.

Онҳо мегӯянд, ҳукумат шахсонеро ба ин вазифаҳо таъйин мекунад, ки солҳои дароз садоқаташонро озмудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, дар байни онҳо ҷавонон ва занон каманд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG