Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авҷгирии COVID-ро дар Қирғизистон рад карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Олимқодир Бейшеналиев, вазири ҳифзи тандурустии Қирғизистон, гуфт, айни замон дар он кишвар зукоми навъи В дар ҳоли паҳншавӣ аст. Вазир дар ин бора рӯзи 21-уми декабр хабар дод.

Вай афзуд, бо назардошти вазъи ҳозираи паҳншавии зуком вазорат клиникаҳои муваққат сохтааст. Бейшеналиев ҳамчунин хабарҳоро дар бораи авҷгирии вабои COVID-19 дар Қирғизистон рад кард.

Вай илова кард, ки ҳамарӯза дар саросари Қирғизистон наздик ба 400 мавридми гирифтории кӯдакон ба ин навъи зуком сабт мешавад.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, дар умум чаҳор навъи зукоми мавсимӣ мавҷуд аст, ки онҳоро A, B, C ва D меноманд.

Маҳз навъҳои А ва В, ба иттилои СҶТ, дар ҳоли гардиш ҳастанд ва бемориҳои мавсимиро ба бор меоранд.

XS
SM
MD
LG