Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия муҳлати ҳабси Ҷунайдулло Худоёровро дароз кард


Ҷунайдулло Худоёров моҳи июни имсол бо дархости Тоҷикистон дар Русия дастгир шуд
Ҷунайдулло Худоёров моҳи июни имсол бо дархости Тоҷикистон дар Русия дастгир шуд

Додгоҳе дар Русия муҳлати ҳабси Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро аз Тоҷикистон, се моҳи дигар дароз кард. Мурофиа рӯзи 18-уми декабр дар Додгоҳи минтақаи Ханти-Мансийск гузашт.

Ҷунайдулло Худоёров дар моҳи июни имсол бо талаби мақомоти Тоҷикистон дастгир шуда, ҳафт моҳ боз дар Боздоштгоҳ қарор дорад.

Яке аз бародарони ӯ, ки дар мурофиа иштирок доштааст, мегӯяд, мавзӯи асосӣ истирдоди фаъоли дастгиршудаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба Тоҷикистон буд.

Хайрулло Худоёров рӯзи 19-уми декабр гуфт: "Мурофиаро бо пешниҳоди додситон гузаронданд. Дар бораи истирдод. Додрас ба далелҳои вакили мудофеъ ва Ҷунайдулло гӯш дод. Баъд гуфт, ки бо назардошти қавӣ набудани иддаои ҷониби Тоҷикистон се моҳи дигар дар боздоштгоҳ хоҳад монд. Бо ин қарор мурофиа ба анҷом расид."

Вакили мудофеъ Хон-Герей Разов гуфт, бо қарори додгоҳ дар бораи дар боздошт мондани зерҳимояаш розӣ нестанд ва шикоят хоҳанд кард. Мавқеи додситон, ки мурофиа бо талаби ӯ баргузор шудааст, феълан дастрас нест.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи парвандаи Ҷунайдулло Худоёров ва иттиҳоми зидди ӯ ҷузъиёт надоданд. Радиои Озодӣ пештар санадеро дида буд, ки бинобар он Раёсати корҳои дохилӣ дар Рашт ӯро ба авбошӣ (моддаи 237, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ) гумонзад кардааст.

Худаш моҳи июн дар наворе аз толори додгоҳ гуфт, бар асоси шикояти наздикони оилае боздошт шуд, ки фарзандашон ба куштани бародарзодаи ӯ, Алиризо Худоёров, гунаҳкор аст. Алиризо Худоёров соли 2021 дар як занозанӣ бо зарби корд ба ҳалокат расид. Ҳарчанд дар марги ӯ ду нафарро дастгиру зиндонӣ карданд, баҳсу ҷанҷоли хонаводаҳо поён наёфт.

Ҷунайдулло Худоёровро соли 2018 ба гуноҳи пайравӣ аз ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия" ба панҷ сол зиндон маҳкум карда, соли 2019 бар асоси қонуни афв озод намуданд. Вай он замон гуфта буд, ки бегуноҳ маҳкум шудааст ва парвандаро супоришӣ донист.

Баъд аз раҳоӣ аз зиндон дар Русия буд, вале дар пайи кушта шудани бародарзодааш, Алиризо, ба зодгоҳаш баргашт. Пас аз як муддат боз ба Русия рафт.

Ҷунайдулло Худоёров ва бародари дигараш, узви Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Фарҳод Худоёров, ҳамвора аз кори мақомот дар Рашт танқид мекунанд. Бовар доранд, ки ҳодисаҳои солҳои охир фишор ба онҳост.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG