Дар ин бора бахши озарбойҷонии Радиои Озодӣ бо истинод ба фармони Илҳом Алиев хабар додааст.
Бар асоси қонун, интихоботи навбатии президентии Озарбойҷон бояд соли 2025 баргузор мешуд.
Президенти Озарбойҷон тибқи тағйироте, ки соли 2016 ба Конститутсияи он кишвар ворид шуд, барои 7 сол интихоб мешавад. Пештар давраи президентӣ 5 сол буд.
Интихоботи охири президентии Озарбойҷон 11-уми апрели соли 2018 баргузор шуда буд. Он бояд моҳи октябр баргузор мешуд, вале бо фармони Алиев чанд моҳ пеш сурат гирифт.
Раҳбарони мухолифон интихоботро таҳрим карда, Алиевро ба худкомагӣ ва таъқиби дигарандешон муттаҳам карданд.