Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Афардӣ қолабшикан буд, ҳанӯз ӯро дарк накардаанд" ВИДЕО


"Афардӣ қолабшикан буд, ҳанӯз ӯро дарк накардаанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Сабзаалӣ Шариф, рассоми шинохтаи тоҷик, Сайф Раҳимзоди Афардиро "нависандаи қолабшикан" номид, ки ба гуфтааш "ҳанӯз ӯро дар адабиёт дарк накардаанд".

Ӯ рӯзи 7-уми декабр дар Душанбе намоишгоҳеро бахшида ба ҳафтодумин зодрӯзи Сайф Раҳимзоди Афардӣ, нависанда, коргардон ва раиси пешини Кумитаи радио ва телевизион ифтитоҳ кард.

Дар намоишгоҳ аксу нигораҳо ва номаву хотираҳоро аз ҳамкории нависанда бо рассом ба тамошо гузоштаанд.

"Сайф Раҳимзоди Афардӣ шахсияти нотакрор буд, қолабшикан буд, навовар буд. Дар чаҳорчӯбаи нависандагӣ ғунҷида натавонист, барои ҳамин, ба синамо гузашт. Худаш ҳам бисёр тасвиргари аҷоиб буд. Фикр мекунам, Сайфро дар ҷодаи адабиёт дарк накардаанд",– гуфт Сабзаалӣ Шариф рӯзи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ.

Ҳадафи дигари намоишгоҳро "муаррифии бештари эҷодиёт ва худи Сайф Раҳимзод барои насли ҷавон" номид. Намоишгоҳ то охири моҳи декабр идома хоҳад дошт.

Сабзаалӣ Шариф чанд китоби Сайф Раҳимзодро ороиш дода, ҳамчунин ангораҳои филми маъруфи “Ситораҳои сари танӯр”-ро таҳия кардааст.

Сайф Раҳимзоди Афардӣ муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои "Ситораҳои сари танӯр", "Аз ёдҳо, азёдҳо", "Чашми саҳар", "Гунҷишки сафед", "Падруду пайғом", "Доғҳои офтоб" ва "Дурӯғи сафед" мебошад. Ӯ шаби 20-уми майи соли 2000-ум дар даромадгоҳи хонааш, ки он замон раиси Кумитаи радио ва телевизион буд, террор шуд. Фармоишгарони қатли ӯ ва ангезаи онҳо то ҳанӯз ифшо нашудаанд.

XS
SM
MD
LG