Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский суханрониашро дар Сенати Амрико лағв кард


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, президенти Украина, пас аз баҳсҳои гарм дар бораи буҷети пешниҳодии президенти Амрико Ҷо Байден, суханронии худро дар Маҷлиси Сенат лағв кард.

Байден барои ҷанги Украина ва Исроил наздик ба 106 миллиард доллар пешниҳод карда буд.

Суханронии Зеленский дар ҳоле дар Маҷлиси Сенат ба нақша гирифта шуда буд, ки Украина барои мубориза бо таҷовузи Русия дар зимистони имсол омодагӣ мегирад.

Аммо вақте ки раҳбари ақаллият дар Сенат аз намояндагони ҷумҳурихоҳ хост, ин пешниҳодро рад кунанд, суханронии раиси ҷумҳурии Украина бекор шуд.

Ҳукумати Ҷо Байден дар моҳи октябри соли гузашта аз Конгресс хост, то тарҳи буҷети ҷанги Украина ва Исроил ва тарҳи тақвияти амнияти марзиро тасвиб кунад.

Маҷлиси Намондагон, ки таҳти назорати ҷумҳурихоҳон аст, ин дархостро напазируфт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG