Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: Тошиев ба Тоҷикистон рафт 


16 октябр, шаҳри Бӯстони Тоҷикистон. Раисони КДАМ-и Қирғизистон ва Тоҷикистон - Қамчибек Тошиев ва Саймӯъмин Ятимов мулоқоти навбатии маконнигориро барпо карданд
16 октябр, шаҳри Бӯстони Тоҷикистон. Раисони КДАМ-и Қирғизистон ва Тоҷикистон - Қамчибек Тошиев ва Саймӯъмин Ятимов мулоқоти навбатии маконнигориро барпо карданд
Чанд расонаи Қирғизистон хабар дод, ки раҳбари КДАМ-и ин кишвар Қамчибек Тошиев ба Тоҷикистон парвоз кардааст.
Дастикам ду расона (Вести.кг ва “Вечерний Бишкек”) бо такя ба навиштаи раиси телевизиони “Регион” Ӯткурбек Раҳмонов дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, Тошиев, ки ҳамзамон муовини раиси кабинаи вазирони ҳукумати Қирғизистон аст, барои иштирок дар ҷаласаҳои аломатгузории марзи ду кишвар ба Тоҷикистон рафтааст.
Мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора хабаре нашр намекунанд. Раҳмонов гуфтааст, аз рӯи иттилои ӯ, дар ҷараёни ин сафар қарор аст “мулоқот оид ба мавзӯи аломатгузории марзи давлатӣ барпо шавад”.
Ҷузъиёти аз ин бештар нашр намешавад, аз ҷумла, маълум нест, ки барномаи сафари Тошиев аз чӣ иборат мешавад ва ӯ ба кадом шаҳр сафар мекунад. Сафари охирини ӯ ба Тоҷикистон, аз рӯи хабарҳои матбуотӣ, октябри имсол буд. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ӯ ва раиси КДАМ-и Тоҷикистон Саймӯъмин Ятимов дар ҷаласаи навбатии аломатгузории марз иштирок карданд.
Девони вазирони Қирғизистон хабар дода буд, ки охирин ҷаласаи гурӯҳҳои маконнигории ду кишвар миёнаҳои моҳи ноябри имсол баргузор шуд.
Баъди ду муноқишаи пурхушунати марзӣ дар солҳои 2021 ва 2022 ва ба поинтарин сатҳ расидани равобити сиёсии миёни ду ҳамсояи наздик, зоҳиран муколамаҳои Душанбеву Бишкек ҷон мегиранд.
Хабарҳо дар бораи муттасил баргузор шудани ҷаласаҳои вобаста ба муҳокимаи нуқоти баҳсии марзи ду кишвар бештар мешаванд, ҳарчанд ҷузъиёти ин ҷаласаҳо аз матбуот пинҳон мемонад ва мақомот дар Тоҷикистон бештари вақт хомӯширо пеша мекунанд.
Мақомот дар Қирғизистон ҳарчи бештар иддао мекунанд, ки то поёни соли 2023 бо Тоҷикистон дар заминаи хатми корҳои аломатгузории нуқоти баҳсии марз ба мувофиқа мерасанд, вале Душанбе ҳеҷ гоҳ инро тасдиқ ё рад накардааст.
Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр сарҳад дорад ва то ин дам зиёда аз 600 километри он муайян шудааст.
  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG