Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 17 ҳазор кас дар Қазоқистон мубталои “сурхак” шудаанд


Ажар Гиният
Ажар Гиният

Вазири тандурустии Қазоқистон Ажар Гиният гуфт, аз аввали имсол то ба ҳол дар ин кишвар беш аз 17 ҳазор мавриди гирифторӣ ба бемории сурхак сабт шудааст.

Ба гуфтаи вазир, танҳо дар моҳи ноябр беш аз 6 ҳазор қазоқистонӣ ба ин беморӣ мубтало гаштанд.

"Ҳолатҳои гирифторӣ ба беморӣ аз ҳама бештар дар моҳи сентябр сабт шудааст, чун дар ин моҳ кӯдакон дар гуруҳҳо ҷамъ шуданд. Дар натиҷа, теъдоди беморон ду баробар афзуд", - изҳор доштааст ӯ.

Вазири қазоқ афзуд, 82 дарсади беморонро онҳое ташкил медиҳанд, ки зидди сурхак эм нашудаанд. 65 дарсади гирифторшудаҳо кӯдакони то 5-сола ҳастанд.

Дар Қазоқистон мавридҳои зиёде мушоҳида мешавад, ки волидон намегузоранд, фарзандонашон ваксина гиранд. Коршиносон мегӯянд, онҳо ба сифати доруҳо шубҳа доранд.

XS
SM
MD
LG