Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бесарнишинҳои Русия инфрасохторро дар ҷануб ва шимоли Украина ҳадаф қарор доданд


18 ноябр, ҳамлаи бесарнишине ба Запорожйе
18 ноябр, ҳамлаи бесарнишине ба Запорожйе

Артиши Украина рӯзи 18 ноябр гуфт, ки ҳамлаи густурдаи ҳавопаймоҳои бесарнишин аз қаламрави Русия ба зерсохторҳо дар ҷануб ва шимоли Украина зарба задааст. Нерӯҳои ҳавоии Украина иддао карданд, ки нерӯҳои дифои ҳавоии он аз 38 ҳавопаймои бидуни сарнишини эронии дар ин ҳамла истифодашуда 29-тоашро сарнагун кардаанд.

Бар асоси омори нерӯҳои ҳавоӣ, ин бузургтарин ҳамлаҳои шабонарӯзии ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия баъди 30 сентябр мебошад. Дафтари матбуоти фармондеҳии ҷануби кишвар рӯзи 18 ноябр дар Telegram гуфт: "Мутаассифона, як иншооти инфрасохтори энергетикӣ дар вилояти Одесса осеб дидааст. Як корманди ғайринизомӣ захмӣ ва бистарӣ шудааст. Бинои маъмурият осеб дидааст. Сӯхтори баамаломада зуд хомӯш карда шуд».

Бино ба гузоришҳо, дар вилояти Черниҳиви воҷеъ дар шимоли Украина ва наздик ба Русия ва Беларус низ ду иншооти зербиноӣ осеб дидааст.

Раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский гуфт, ки вай интизор дорад, ки Русия ҳамлаҳои худро ба инфрасохтори энержӣ ва гармидиҳии Украина дар пешорӯи зимистон афзоиш диҳад. Соли гузашта миллионҳо мардуми осоишта бар асари сардиҳои зимистон ба муддати тӯлонӣ аз нерӯи барқ ва гармӣ маҳрум монданд.

Зеленский рӯзи 16 ноябр гуфт, ки Русия дар омодагӣ ба ҳамлаҳои густурда ба захираи мушакҳо пардохтааст. Ӯ гуфт, ҳарчанд нирӯҳои зиддиҳавоии Украина ҳифозати садфоизаро ваъда дода наметавонанд, омодагии онҳо нисбат ба соли гузашта беҳтар аст.

Ба гуфтаи мақомот, Киев низ шаби гузашта ҳадафи ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин қарор гирифтааст. Ба гуфтаи мақомот, ҳама ҳавопаймоҳои бесарнишини зидди пойтахти Украина ҳангоми наздик шудан ба шаҳр сарнагун карда шуданд.

XS
SM
MD
LG