Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пригожини хурдӣ. Соҳиби нави "Вагнер" кист? ВИДЕО


Евгений Пригожин моҳи августи 2023, ҳангоми афтодани ҳавопаймо, дар роҳ ба Санкт-Петербург ҷон бохт
Евгений Пригожин моҳи августи 2023, ҳангоми афтодани ҳавопаймо, дар роҳ ба Санкт-Петербург ҷон бохт

Ширкати “Вагнер” дубора ба даъвати зархаридон дар Русия шуруъ кардааст. Зери раҳбарии Пригожини хурдӣ. Суол ин аст, ки Павел Пригожин, писари Евгений Пригожин, мудири пешини “Вагнер”, то куҷо метавонад дар мақоми раҳбари як ширкати хусусии низомӣ ҷойи падарро бигирад?  

Пригожини хурдӣ кист?

Павел Пригожини 25-сола дар майдонҳои ҷанг будааст. Дар як акс бо либоси низомӣ дар шаҳри Кадиевкаи вилояти Луҳанск тасвир ёфта. Видеои вақтхушии вай бо ҳамсару дӯстонаш баъди гуё иштирок дар ҷанги бедалели Русия дар Украина ҳам расонаӣ шудааст.

“Вай раҳбар мемонад, аммо фармондеҳ каси дигар аст. Евгений Пригожин низ ҳеч вақт сарфармондеҳ набуд. Чеҳраи расонаӣ ва мудири ширкат буд. Кори гурӯҳиро Дмитрий Уткин ба дӯш дошт. Ҳоло ин вазифаро Антон Елизаров дорад. Ҷанбаҳои иқтисодӣ ва масоили дигар ба дӯши Павел аст,” – шарҳ дод яке аз раҳбарони “Вагнер” дар Қрими ишғолшуда.

Пригожини хурдӣ муассиси чанд ширкат дар Санкт-Петербург аст. Сарваташ ба миллиардҳо рубл мерасад. Дар ин бора чанд таҳқиқот ҳам нашр шудааст. Ӯ зери таҳрими Аврупо ва Амрико қарор дорад.

Денис Коротков, хабарнигори Маркази “Досе”, мегӯяд, “албатта, шахси камбағал нест. Сарватманд аст. Ба ҷуз аз номаш, ки ҳоло бештар як хусусияти манфӣ дорад, на мусбат, боз чӣ дорад?”

Хабарнигор Коротков афзуд, бо ин ҳама, ба гумон аст, ки Павел ба монанди падараш бо мансабдорони аввали Русия иртибот дошта бошад: “Ширкати “Вагнер” артиши хусусие буд, ки аз сӯйи фарди дорои имтиёзу имкониятҳои бузург ва робитаҳои зич бо шахсони аввали Русия таъсис ёфт. Маҳз Пригожин соҳиби қарордодҳои давлатӣ бо пули калон буд. Шахсан бо Путин ошноӣ дошт. Пригожин метавонист бо мансабдорони баландпояи ҳукумат баробар ва ҷое ҳам ҳатто сахттар сӯҳбат кунад.”

Дар бораи робитаҳои Павел Пригожин бо мансабдорони ҳукуматӣ маълумоте нест. Таъсиси як артиш аз нав танҳо бар пояи номи падар барои вай осон нахоҳад буд. Дар бораи Антон Елизаров, фармондеҳи нави ширкат ҳам назарҳо яксон нест.

Видеоро дар инҷо бинед:

Баъди марги падараш писари Пригожин мехоҳад ширкати зархаридони "Вагнер"-ро наҷот диҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:34 0:00

“Артиш ба мо пул медиҳад”

Ба гуфтаи баъзе аз намояндаҳои "Вагнер", вай як фармондеҳи ботаҷрибаву соҳибнуфуз байни зархаридон аст, аммо қобилияти идораву раҳбарии артишро надорад. Дар зимн, дар мактубҳои дохилии ширкат навишта шудааст, ки “Вагнер” як бахши артиши Русия хоҳад шуд. Яъне, аллакай ширкати хусусии низомӣ нест. Масъулонаш ваъда додаанд, ки дар кору шароити зархаридон тағйироте нахоҳад буд.

Намояндаи “Вагнер” дар Қрими ишғолшуда мегӯяд, “танҳо ширкат бо артиши Русия шартнома мебандад, аъзову зархаридонаш не. Мо бо артиши Русия бар ивази маблағ ва супоришҳои муайян қарордод хоҳем дошт. Артиш ба мо пул медиҳад, тамом.”

“Қарордод пешина аст. Аъзои он шаш моҳ хидматро дар минтақаи шимолу ғарб ва нӯҳ моҳро дар Африқо, Сурия ва Либия мегузаронанд,” – гуфт намояндаи дигари “Вагнер” дар Перми Русия.

Аъзои “Вагнер” ба фарқ аз низомиёни дигари Русия салоҳияти бештар хоҳанд дошт? Ва ба мисли пешина ба осонӣ маҳбусонро ҷалб кардаву ба ҷабҳа хоҳанд фиристод?

“Ҳоло ҷангҷӯёни собиқи “Вагнер” ба чанд роҳ рафтаанд. Бархе дар ширкати “Редут”-и зери раҳбарии Трошев хидмат мекунанд ва бархе ҳам ба артиши Русия таҳти раҳбарии Пригожини хурдӣ пайвастаанд. Касе ҳам ба Вазорати мудофиа зери раҳбарии Юнус Бек ворид шуд. Тақрибан 20-30 ҳазор зархариде буд, ки бояд ба ҷое ҷалб карда мешуданд, ба ҳар сабаде партофта шуданд, то пурра ба қавле зери хок нашаванд. Аз имконияту имтиёзҳори пешинаи ширкат шояд нишоне нахоҳад буд,” – хулоса кард Иля Барабанов, журналисти бахши русии Би-би-сӣ.

Евгений Пригожин, мудири ширкати муздурии “Вагнер”, рӯзи 23-юми августи имсол ҳангоми афтодани ҳавопаймо дар роҳ ба Санкт-Петербург ба ҳалокат расид. Ошӯби Пригожин ба зидди фармондеҳони баландрутбаи Русия ду моҳ пеш аз ҳодиса шубҳаву гумонҳоро дар атрофи марги ӯ бештар кард. Бисёре аз таҳлилгарони ғарбӣ ба даст доштани ҳукумати Русия дар марги Пригожин ишора мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG