Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мерафтанд, аз он сӯ мурдаашонро меоварданд." Нақлҳои як тоҷики узви "Вагнер". ВИДЕО


Ин ҷавон мегӯяд, моҳи ноябри соли 2022 ба
Ин ҷавон мегӯяд, моҳи ноябри соли 2022 ба

Як муҳоҷири тоҷик иддао дорад, ки маҷбурӣ ба ширкати низомии “Вагнер” ҳамроҳ шуд, вале моҳи феврали имсол дар наздикии Бахмути Украина аз сафи он гурехту аз ояндааш нигарон аст. Ҳувияти ҷавони 22-сола ба Радиои Озодӣ маълум аст. Ба далели амниятӣ номи аслияшро зикр намекунем. Шартан Карим меномем.

Ҳамсуҳбати мо рӯзи 14-уми август дар наворе гуфт, тақрибан даҳ моҳ пеш ҳамроҳи ӯ дусад нафар аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон “зери таҳдиду фишор” ба ҷанг дар Украина ҷалб шуда буданд. Радиои Озодӣ дурустии ҳарфҳои ҷавонро тасдиқ карда наметавонад.

Созмони зархаридони “Вагнер” аз ҷониби Евгений Пригожин, яке аз сарватмандони наздик ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, таъсис ёфтааст. Ҷангҷӯёни созмон то моҳе пеш дар Украина алайҳи нерӯҳои давлатии ин кишвар меҷангиданд, ҳоло ба Беларус “кӯчидаанд”. Баъзе аз кишварҳои ғарбӣ онро террористӣ медонанд.

"Розӣ шудам, чун шароитам хуб набуд"

Карим соли 2019 пас аз талоши номуввафақ барои донишҷӯ шудан дар Тоҷикистон ба Русия муҳоҷир шудааст. Вай дар суҳбати видеоӣ гуфт, то оғози ҷанги Русия дар Украина дар шаҳри Санкт-Петербург пойафзолҳои хориҷӣ мефурӯхт, аммо пас аз таҳримҳо алайҳи Русия мол ворид нашуду кораш дигар давом наёфт.

Аксар ширкатҳои ғарбӣ Русияро барои ҳамлаи бедалел ба Украина таҳрим карданд ва аз интиқоли молу маҳсулот ба ин кишвар худдорӣ меварзанд. Ба нақли Карим, муҳлати иҷозаи кор ё патенташ низ тамом шуд ва дар ҷустуҷӯйи коре уфтод, ки санад лозим набошад.

“Дар сомонае эълони кор дар Луҳанск дидам. Гуфтанд, рӯзи корӣ 6 ҳазор рубл аст. Занг задам, гуфтанд, ба Маскав биё. Онҷо гуфтанд, ки дар Луҳанск дар ҷойи амн хандақ меканед. Розӣ шудам, чун шароитам хуб набуд. Рӯзи 3-юми ноябр ба Луҳанск расидем ва ба кор оғоз кардем," -- гуфт ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

"5-6 бор ба Тоҷикистон ҷасад фиристодам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:04 0:00

Русия қисме аз Луҳански Украинаро соли 2014 ғасб карда буд ва ҳанӯз ҳам барои тасарруфи пурраи он дар ҳудуди ин вилоят бо нерӯҳои украинӣ задухӯрд идома дорад. Карим мегӯяд, онҳоро дар хобгоҳи як боғчаи бачагонаи шаҳри Калиновкаи Луҳанск ҷой карданд ва ҳар рӯз ба воситаи мошинҳои мулкӣ барои хандақканӣ ба вилояти Запарожйе мебурданд.

Ӯ ба ихтиёри Радиои Озодӣ аз маҳалли кораш чанд аксро низ гузошт: “Ханадқҳоро экскватор меканд ва мо тахтаҳою фаршашро дуруст мекардем. Аз ду тараф мустаҳкам менамудем. Ваъда ҳамин буд, ки ҳар рӯз кор мекунед ва ҳар рӯз пулатонро медиҳем. Гуфтанд, амнияти шуморо таъмин мекунем, вале худатонро эҳтиёт кунед.”

"Ҳама рад кард, вале..."

Ба гуфтаи ҷавон, то 20-уми ноябри соли 2022 сохтмони хандақи дароз тамом шуд, “вале рӯзе баъд намояндагони Вазорати дифоъ ва низомиёни зери назорати Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, омаданд.”

“Рӯзи дигар ҷангҷӯёни “Вагнер” расиданд. Даъват карданд, ки агар дар ҷанг кумак кунед, ба шумо ва хоҳару бародаронатон шаҳрвандии Русия дода мешавад... Ҳама рад кард. Бо таҳдиди силоҳ гуфтанд, дар автобус савор шавед. Гуфтем, ба куҷо? Гуфтанд, меравем, тамом. Аз тарс дар автобус савор шудем," – идома дод ӯ.

Евгений Пригожин
Евгений Пригожин

Аз охири соли гузашта гурӯҳи "Вагнер" барои тасарруфи Бахмут сахт ҷанг мекард. Евгений Пригожин иқрор шуда буд, ки садҳо зархаридаш дар ин ҷанг кушта шудаанд.

Карим гуфт, онҳоро ба як пойгоҳи низомии "Вагнер" дар наздикиҳои Бахмут бурда, телефонҳояшонро гирифтаанд. Дар ибтидо гуфтаанд, "садди оҳании зидди тонк месозед", вале ғайриинтизор "ба тамрини низомӣ ҷалб карданд".

Карим гуфт, дар се рӯз аз онҳо ҷангҷӯйи "Вагнер" сохтанд: "Дар иҳотаи ҳазорон низомии девноавзо будем. Силоҳоро гирифтем ва ба тамрингоҳ рафтем. Се рӯз машқ доданд. Рӯзи чорум гуфтанд, ба ҷанг меравем." Дурустӣ ё нодурустии иддаои Каримро Радиои Озодӣ мустақилона санҷида наметавонад.

“5-6 бор ба Тоҷикистон мурда фиристодам”

Ҳамсуҳбати мо гуфт, он лаҳза дарк кард, ки дар рӯ ба рӯи марг қарор дорад ва дар сараш андешае омад, ки бояд аз рафтан ба майдони ҷанг худдорӣ кунад: "Дастамро пушти сар ва автоматро дар замин гузоштам. Аз пушти сарам заданд, дигар аз ҳуш рафтам. Баъдан, фаҳмидам, ки дигарон аҳволи маро дида, тарсида ба ҷанг рафтаанд."

Ҷавони тоҷик нақл кард, ки ӯро як ҳафта дар ҷое, ки шароити бад дошт, ҳабс карданд ва баъдан барояш вазифаи дигар доданд: “Ба муҳоҷирон мефаҳмондам, ки ба хати якуми ҷанг меравед. Навъҳои минаро мефаҳмондам. Мегуфтам, аз куҷо диверсантҳоро бояд шиносанд ва кушанд ё асир гиранд. Мерафтанд, аз он тараф мурдаашонро меоварданд. 5-6 бор ба Тоҷикистон мурда фиристодам.”

Муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ӯ ва ҳамроҳонашро бо ваъдаи хандақканӣ аз Русия ба Луҳанск бурданд
Муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ӯ ва ҳамроҳонашро бо ваъдаи хандақканӣ аз Русия ба Луҳанск бурданд

Карим ҳоло тарс дорад, ки дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар муҳокима мешавад. Ӯ мегӯяд, вақте чанд мурдаи ҷангҷӯйи тоҷики “Вагнер”-ро ба ватан фиристод, мақомот дар борааш фаҳмиданд.

Мақомот дар бораи ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанги Русия ба зидди Украина маълумот намедиҳанд. Пештар эълон карда буданд, ки ҳар касе ба ҷанг равад, ҷавобгар хоҳад шуд.

Одатан ба ҷангҷӯёни “Вагнер” пас аз шаш моҳ рухсатӣ медиҳанд. Карим гуфт, як фармондеҳи “Вагнер” ба ӯ эътимод карду барояш иҷоза дод, ки барвақт ба рухсатӣ равад ва аз ин фурсат истифода карду гурехт. Қабл аз рухсатӣ ба ӯ сад ҳазор рубл дода будаанд. Ҳоло дар як кишвари хориҷӣ ба сар мебарад.

Тоҷикистон иштироки шаҳрвандонашро дар ҷангҳои хориҷӣ ҷиноят медонад. Чанд дафъа хабари ҷалби муҳоҷирон ва маҳбусони тоҷик аз Русия расонаӣ шудааст. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, рӯзи 11-уми август тасдиқ кард, ки Русия тақрибан 100 маҳбуси тоҷикро ба ҷанг дар Украина фиристодааст, вале шумораи умумии тоҷиконро дар ин ҷанг нагуфт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG