Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори сафорати Тоҷикистон ба муҳоҷирони корӣ дар Русия


Ҷангҷӯёни ширкати хусусии "Вагнер" дар Ростови лаби Дон, шаҳри ҷанубии Русия, ҷойгир шудаанд
Ҷангҷӯёни ширкати хусусии "Вагнер" дар Ростови лаби Дон, шаҳри ҷанубии Русия, ҷойгир шудаанд

Мақомоти Тоҷикистон аз муҳоҷирони корӣ дар Русия хостаанд, ки ба минтақаҳои наздисарҳадии ин кишвар бо Украина нараванд.

Сафорат дар Маскав рӯзи 24-уми июн дар ҳушдоре ба муҳоҷирони тоҷик тасмимро ба "таҳдид ба вазъияти амниятӣ дар кишвари иқомат" пайванд дод.

"Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ба ҷойҳои серодам ва чорабиниҳои оммавӣ, хусусан бо истифода аз мошини шахсии худ нараванд," – изофа шудааст дар огоҳиномаи сафорат.

Масъулони сафорати Тоҷикистон ҳарчанд аз ҳодиса ном нагирифтаанд, шаби 23-юми июн зархаридони ширкати хусусии "Вагнер", ки то ин дам шаҳрвандону маҳубсонро ба тарзи қарордодӣ ба ҷанг дар Украина мебурд, аз вилояти Луҳанск ба Ростови лаби Дон даромада, биноҳои асосии ҳарбӣ ва давлатиро ишғол карданд.

Додситонии кулли Русия гуфт, ба зидди муассиси "Вагнер" ба иттиҳоми "ташкили ошӯби мусаллаҳона" парванда кушод. Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, рӯзи 24-уми июн дар паёми телевизионӣ амали “Вагнер”-ро “хиёнат” номид. Вай афзуд, ҷавоб сахт хоҳад буд.

Евгений Пригожин, мудири ширкати хусусии ҳарбии "Вагнер", масъулони бахши низомии Русия, аз ҷумла вазири дифоъ Сергей Шойгу ва раиси Ситоди кул Валерий Герасимовро ба "наслкушӣ" ва нокомии амалиёт дар Украина гунаҳкор кард. Вай гуфт, барои боздошти "ҳайвон Шойгу" шаҳри Ростовро гирифт, вале ӯ шабона аз ин ҷо фирор кардааст.

Пригожин ҳамчунин гуфт, ҳарбиёни Вазорати дифои Русия ба нерӯҳои ӯ пайвастаанд ва мехоҳад, аз Ростов ба самти Маскав ҳаракат кунад.

Дар ин байн мақомоти Русия роҳҳои асосии мошингардро аз Ростов ба Маскав бастаанд. Ҳокимони чанд вилояти ин масир аз шаҳрвандон хостанд, бе зарурат ба кӯча набароянд. Ҳамаи маъракаҳои ом дар ин вилоятҳо манъ карда шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG