Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Огоҳӣ аз ҳамла ба Киев дар рӯзи таҷлил аз озодии Херсон


Пеш аз он ки Украина рӯзи 11-уми ноябр солгарди озодии шаҳри Херсонро аз тасарруфи нерӯҳои Русия таҷлил кунад, аз ҳамлаи ҳавоӣ ба Киев ҳушдор додаанд.

Нерӯҳои ҳавоии Украина гуфтанд, шаби 10 ба 11-уми ноябр панҷ ҳавопаймои бесарнишини Русия дар болои Днепропетровск, Харков, Николаев, Полтава ва Киев нобуд карда шуд.

Ситоди кулли нерӯҳои Украина рӯзи 11-уми ноябр аз тақрибан 87 даргирӣ тайи 24 соати гузашта хабар дод. Ин идора гуфт, Русия бо мушаку тӯпхона ба "мавқеи нерӯҳои Украина" ва "маҳалҳои аҳолинишин" зарба мезанад.

Украина як сол пеш шаҳри ҷанубии Херсонро аз дасти артиши Русия озод кард. Ин шаҳр дар оғози ҳамлаи бедалели Русия дар моҳи феврали соли 2022 забт шуда буд.

Русия дар замони зери тасарруфаш будани Херсон зербунёдҳои шаҳрро вайрон карда, ду осорхонаи асосии онро ғорат намудааст.

XS
SM
MD
LG