Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Русия ба Херсон як пирамард кушта шудааст


Китобхонае дар шаҳри Херсон дар ҳамлаи Русия сӯхтааст.
Китобхонае дар шаҳри Херсон дар ҳамлаи Русия сӯхтааст.

Субҳи 12-уми ноябр Русия ба ноҳияи Днепри вилояти Херсон ҳамла кардааст.

Мақомоти маҳаллӣ хабар доданд, ки дар ҳамлаи мушакии Русия ба Днепр як сокини 64-сола кушта ва ҳамсараш захмӣ шудааст.

Дар ҳамлаи дигари Русия ба вилояти Херсон китобхонаи ба номи Гончар хароб шудааст.

Русия ҳамзамон 87 ҳамла ба 18 маҳаллаи аҳолинишин дар вилояти Запароже анҷом додааст. Мақомот гуфтаанд, ки дар ҳамлаҳои Русия ба ин вилоят касе осеб надидааст.

Мақомоти украинӣ гуфтаанд, ки низомиёни Русия дар ҷабҳаи наздик ба Бахмут фаъол шудаанд. Русия чанд моҳ пас аз оғози ҷанг Бахмутро зери фишори низомии Украина тарк карда буд.

Як сол пеш, дар 11-уми ноябр, шаҳри Херсонро низ Русия тарк кард.

Ҷанги Русия алайҳи Украина охири моҳи феврали соли 2022 оғоз шуд. Ҳазорон нафар дар ин ҷанг кушта ва миллионҳо нафар овора шуданд.

XS
SM
MD
LG