Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссари низомӣ хост, ҳар ҳафта 500 сокини Ёқутистон ба ҷанги Украина фиристода шавад


Александр Авдонин, Комиссари низомии Ёқутистон
Александр Авдонин, Комиссари низомии Ёқутистон

Комиссари низомии Ёқутистон Александр Авдонин гуфтааст, то охири соли равон ҳар ҳафта аз ҳар як ноҳияи ҷумҳурӣ бояд 15 нафар ба ҷанги беасоси Русия зидди Украина фирисдота шавад.

Авдонин ин нуктаро моҳи сентябри имсол дар ҷаласаи пӯшидае изҳор дошта, ки сабти он дастраси бунёди "Ёқутистони озод" шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, теъдоди ихтиёриёни ёқутистонӣ барои рафтан ба ҷанги Украина дар моҳи сентябр дар байни минтақаҳои ҳавзаи федеролии Шарқи Дур камтарин будааст. Авдонин афзуда, ки то ҳол сеяки нақшаи ихтиёриён иҷро шудааст.

Комиссар бо ёдоварӣ аз оқибатҳои эҳтимолии раванди сусти ҷалби ихтиёриён аз сӯи Вазорати дифоъ ва муовини раиси Шурои амнияти Русия Дмитрий Медведев, ки ин равандро назорат мекунад, ба тақвияти чораҳо барои ҷалби одамон ба ҷанг дастур додааст.

XS
SM
MD
LG