Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомонаи Kloop вазорати фарҳанги Қирғизистонро ба додгоҳ кашид


Сомонаи Kloop аз болои Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон ба додгоҳи маъмурии шаҳри Бишкек ду шикоят бурдааст.

Дар шикояти аввал ин расона аз додгоҳ хостааст, қарори вазоратро аз 7 ва 8 сентябр дар бораи "пок кардани гӯиё иттилои беасос аз сомона" бекор кунад.

Манзур хабаре таҳти номи "Сиёсатмадор Равшан Ҷеенбеков гуфт, ӯро дар боздоштгоҳ шиканҷа кардаанд" аст.

Шикояти дувум ба қарори вазорат дар бораи бастани саҳифаҳои русӣ ва қирғизии сомонаи Kloop рабт дорад.

Дар шикоятҳояш Kloop хостааст, ки қарори вазорати фарҳанг комилан бекор карда шавад.

XS
SM
MD
LG