Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Регар-ТадАЗ" ва "Хатлон" Лигаи олиро тарк карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои гурӯҳи «Б» бо ду бозии даври панҷум, ки 2-юми ноябр баргузор шуд, ба анҷом расид.

«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки бозии даври охиринро дар майдони худ бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима дод, аз лигаи олии футболи Тоҷикистон хориҷ шуд.

Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор, ки дар даври панҷум дар меҳмонӣ бар «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад, ба мисли КМВА (Клуби марказии варзишии артиш»)-и Душанбе ва «Хуҷанд» мавқеашро дар лигаи олӣ нигоҳ дошт.

Дастаи «Хатлон», ки дар қаблан даври сеюми гурӯҳи «Б» дар майдони худ аз тими «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд, ҳуқуқи дар лигаи олӣ боқӣ монданро аз даст дод.

Ба ин тартиб, ду дастаи машҳур – «Регар-ТадАЗ» (қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон) ва «Хатлон» (пештар «Вахш» ном дошт ва се бор қаҳрамони кишвар шудааст), ки дар мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ мутаносибан ҷойҳои 9-уму 10-умро гирифтанд, бар асоси дастури мусобиқот соли оянда дар лигаи якум бозӣ хоҳанд кард.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023

Лигаи олӣ. Гурӯҳи «Б». Даври 5-ум

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» – 1:1

Голҳо: Ҷаҳонгир Эргашев, 54 (0:1). Бахтиёр Қаландаров, 74 (1:1).

Аз майдон хориҷ шуд: Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), 90+9 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

2-юми ноябр. Турсунзода. Варзишгоҳин «ТАЛКО-Арена». 5700 тамошогар.

«Хатлон» – «Ҳосилот» – 1:3

Голҳо: Рустамҷон Кучқоров, 6 (1:0). Абдухалил Боронов, 38 (1:1). Саидмухтор Азимов, 61 (1:2). Муҳаммадалӣ Азизбоев, 66 (1:3).

Аз майдон хориҷ шуд Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот»), 86 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Абдухалил Боронов («Ҳосилот»).

2-юми ноябр. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 400 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “Б”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

6

КМВА (Душанбе)

22

5

11

6

16-15

26

7

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

22

5

11

6

6-19

26

8

«Ҳосилот» (Фархор)

22

6

7

9

17-22

25

9

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

22

5

9

8

21-30

24

10

«Хатлон» (Бохтар)

22

5

2

15

12-38

17

Дар гурӯҳи «А» мубориза барои медалҳои қаҳрамонии футболи Тоҷикистон идома хоҳад кард.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқоти ин гурӯҳ «Истиқдол» бо 40 имтиёз пешсафи ягона аст ва боз чаҳор бозӣ анҷом хоҳад дод.

«Равшан»-и Кӯлоб, ки бо 34 имтиёз дар мақоми дувум аст, се бозии дигар мекунад. «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо 32 имтиёз дар зинаи севум қарор дорад, боз ду бозӣ баргузор хоҳад кард.

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «А»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

18

12

4

2

42-8

40

2

«Равшан» (Кӯлоб)

19

9

7

3

27-15

34

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

20

10

2

8

36-30

32

4

«Эсхата» (Хуҷанд)

19

9

2

8

27-28

29

5

«Файзканд» (Восеъ)

20

6

7

7

28-32

25

XS
SM
MD
LG