Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина гуфт, 12 "Шаҳид"-и Русияро нобуд кардааст


Системаи зиддимушакии Украина мушаки Русияро безарар кардааст.
Системаи зиддимушакии Украина мушаки Русияро безарар кардааст.

Неруҳои Русия шаби 30-юми октябр бо 12 бесарнишини “Шаҳид” ба Украина ҳамла кардаанд. Ситоди кулли артиши Украина хабар дод, ки ҳамаи паҳподҳо аз сӯи низоми зиддимушакии ин кишвар “нобуд карда шуданд.” Бесарнишинҳои “Шаҳид” тавлиди Эрон буда, Русия дар ҷангаш алайҳи Украина аз он зиёд истифода мебарад.

Намояндагони Ситоди артиши Украина дар ҳузури хабарнигорон гуфтанд, шабонарӯзи гузашта дар хати ҷанг бо артиши Русия беш аз 60 задухурд рух дод. Даргириҳо асосан дар Купрянск, Лиман, Евдиевка, Маряинск, Шахтёрск ва Запорожйе будаанд.

“Дар натиҷаи ҳамлаҳо, мутаассифона сокинони мулкӣ кушта ва захмӣ шуданд,”-омадааст дар хабарномаи Ситоди кулли артиши Украина.

Моҳи феврали соли 2022 артиши Русия ба хоки Украина таҷовуз кард ва аз замон то кунун ҷанг миёни ду тараф идома дорад. Кишварҳои ғарбӣ ба хотири ҳамлаи Русия ба Украина, алайҳи Маскав таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG