Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 моҳ дар Боздоштгоҳи Русия. Нигаронии наздикон аз сарнавишти Худоёров


Ҷунайдулло Худоёров моҳи июни имсол бо дархости Тоҷикистон дар Русия дастгир шуд
Ҷунайдулло Худоёров моҳи июни имсол бо дархости Тоҷикистон дар Русия дастгир шуд

Пайвандони Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, мегӯянд, ки аз тӯлонӣ мондани ӯ дар Боздоштгоҳи Русия сахт нигарон ҳастанд.

Худоёров 22-юми июни имсол бо дархости ҷониби Тоҷикистон ва ба гумони авбошӣ дар минтақаи Ханти-Мансийск дастгир шуд.

Ба нақли пайвандонаш, ду вакили мудофеъ барои гирифтани мақоми гуреза дар Русия ва пешгирӣ аз истирдодаш ба Душанбе талош доранд.

Хон-Герей Разов, яке аз вакилони мудофеи Ҷунайдулло Худоёров, дар номае аз президент ва додситони кулли Тоҷикистон хостааст, “заминаҳои воқеии” кушодани парвандаро ба зидди Худоёров бисанҷанд.

Дар номае, ки нусхааш 23-юми октябр дастраси Радиои Озодӣ шуд, ҳанӯз даҳуми августи имсол аз додситони Рашт хоста шудааст, ки парвандаи Ҷунайдулло Худоёровро аз нав санҷида, хулосаро ба адвокат фиристанд.

Вакилони мудофеи Ҷунайдулло Худоёров мегӯянд, бо гузашти бештар аз ду моҳ аз ин нома ҳанӯз посухе нагирифтанд. Маълум нест, таҳқиқ сурат гирифтааст ё не.

Дар Додситонии ноҳияи Рашт ба зангҳои мо посух надоданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи парвандаи нави Ҷунайдулло Худоёров ва иттиҳоми зидди ӯ ҷузъиёт надодаанд. Худаш моҳи июн дар наворе аз толори додгоҳ гуфт, бар асоси шикояти наздикони оилае боздошт шуд, ки фарзандашон ба куштани бародарзодаи ӯ, Алиризо Худоёров, гунаҳкор аст.

Алиризо Худоёров соли 2021 дар як занозанӣ бо зарби корд ба ҳалокат расид. Ҳарчанд дар марги ӯ ду нафарро дастгиру зиндонӣ карданд, баҳсу ҷанҷоли хонаводаҳо поён наёфт.

Ҷунайдулло Худоёровро соли 2018 ба гуноҳи пайравӣ аз ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия" ба панҷ сол зиндон маҳкум карда, соли 2019 бар асоси қонуни афв озод намуданд. Вай он замон гуфта буд, ки бегуноҳ маҳкум шудааст ва парвандаро супоришӣ донист.

Баъд аз раҳоӣ аз зиндон дар Русия буд, вале дар пайи кушта шудани бародарзодааш, Алиризо, ба зодгоҳаш баргашт. Пас аз як муддат боз ба Русия рафт.

Ҷунайдулло Худоёров ва бародари дигараш, узви Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Фарҳод Худоёров, ҳамвора аз кори мақомот дар Рашт танқид мекунанд. Бовар доранд, ки ҳодисаҳои солҳои охир фишор ба онҳост, то дигар танқид накунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG