Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 17 то 19 сол. Эълони ҳукми гунаҳкорон дар қатли Алиризо Худоёров


Алиризо Худоёров

Додгоҳи олии Тоҷикистон ду нафарро бо гуноҳи қатли Алиризо Худоёров, сокини 21-солаи ноҳияи Рашт, ба зиндон маҳкум кард. Ҷунайдулло Худоёров, амаки Алиризо, рӯзи 7-уми январ гуфт, "Абдулло Азимов 17 сол ва Зафарҷони Насриддин 19 солро дар маҳбаси низомаш сангин сипарӣ хоҳанд кард."

Додгоҳ ҳукмро расман шарҳ надодааст. Мавқеи пайвандони маҳкумшудаҳо низ маълум нест, аммо дар гузашта кӯшиши ба ҷавобгарӣ кашидани онҳоро беасос дониста буданд.

Зубайдулло Худоёров, падари Алиризо, рӯзи ҷумъа ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд "ҳукм сабук аст", онро мепазиранд. Ӯ ҳамзамон афзуд, "норозигии мо аз он аст, ки дар қатли Алиризо чанд каси дигар даст доранд, аммо ҳанӯз ба ҷавобгарӣ кашида нашуданд."

Ҷасади Алиризо Худоёров, донишҷӯйи Донишгоҳи Раштро субҳи 13-уми июли соли 2021 дафн карданд. Вай бародарзодаи Фарҳод Худоёров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ дар ноҳияи Рашт ва Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аст.

Фарҳод Худоёров ва Ҷунайдулло Худоёров борҳо аз кори мақомот дар ноҳияи Рашт интиқод карда, ба гуфтаи худашон, зери фишор ҳастанд. Саъдулло Худоёров, бародари онҳо, охири соли гузашта дучори ҳамла шуда буд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG