Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбар ба қатли Алиризои 21-сола. Дар Рашт чӣ гузашт?


Алиризо Худоёров, ҷавони 21-сола, ки аз зарби корд ба ҳалокат расид
Алиризо Худоёров, ҷавони 21-сола, ки аз зарби корд ба ҳалокат расид

Мақомоти милисаи ноҳияи Рашт Зафари Насриддин, як сокини деҳаи Яшмро дар қатли Алиризо Худоёрови 21-сола муттаҳам карда, парвандаи ӯро ба додситонӣ супурдаанд. Куштори Алиризо Худоёров ҳангоми як муноқишаи гурӯҳӣ рӯзи 11-уми июл дар деҳаи Яшми ноҳияи Рашт рух додааст.

Саъдулло Худоёров, амаки Алиризо Худоёров, рӯзи 14-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, субҳи имрӯз ба додситонии Рашт даъват шуд. Ба қавли ӯ, "муфаттишон хабар доданд, ки нисбат ба Зафари Насриддин бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ иттиҳом эълон шуд."

Муфаттишони додситонии ноҳияи Рашт дар бораи ин қазия ба Радиои Озодӣ маълумот надоданд. Назари ҷониби дигари баҳс низ дастрас нест.

Пештар Шуъбаи корҳои дохилии Рашт бо гумони куштори Алиризо Худоёров чаҳор ҳамдеҳаи ӯро дастгир карда буд. Дар идораи пулиси ноҳия рӯзи 12-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "ташхиси тиббиву додгоҳӣ нишон дод, ки зарби корд ба дил боис ба хунравии зиёд шуда, ба марг расондааст. Кормандони мо ба маҳалли ҳодиса рафта бо шоҳидон суҳбат мекунанд."

Пас аз эълон шудани иттиҳом ба зидди Зафари Насриддин се ҳамроҳи ӯ бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист аз боздоштгоҳ раҳо шуданд. Назари Зафари Насриддин ва пайвандонаш ба ин ҳодиса ҳанӯз дастрас нест. Кӯшишҳои Радиои Озодӣ барои тамос гирифтан бо хешовандони ӯ ва се нафари дигар бенатиҷа анҷомид.

Ҷасади Алиризо Худоёров, донишҷӯйи Донишгоҳи Раштро субҳи 13-уми июл дафн краданд. Пайвандонаш мегӯянд, дар муноқишае, ки ӯ кушта шуд, 5 нафар ширкат дошта, як нафари онҳо фирор кардааст.

"Ин панҷ нафар писарамак ҳастанд ва аз соли 2017 ба ин тараф бо мо барои як қитъаи замин хусумат доранд. Бо истифода аз хешу табори мансабдорашон болои мо фишор меоранд ва ба ҳар баҳона ҳамла мекунанд", -- иддао кард Худоёров.

Ҷониби дигари баҳс ҳанӯз ба ин иддао вокуниш накардааст.

Алиризо Худоёров, бародарзодаи Фарҳод Худоёров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ дар ноҳияи Рашт ва Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аст, ки ҳарду феълан дар Русия ба сар мебаранд.

Ҷунайдулло Худоёров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳое, ки дар қатли бародарзодааш даст доранд, фарзандони шахсоне мебошанд, ки дар мурофиаи додгоҳӣ алайҳи ӯ шоҳидӣ дода буданд. Ҷунайдулло Худоёров пештар бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи "Салафия" зиндонӣ шуда буд.

Фарҳод Худоёров ва Ҷунайдулло Худоёров борҳо аз кори мақомот дар ноҳияи Рашт интиқод карда ва ба гуфтаи худашон, зери фишор ҳастанд.

Саъдулло Худоёров, бародари онҳо, моҳи гузашта дучори ҳамла шуда буд. Раёсати минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ дар аввал нисбат ба ҳамлагарон бо иттиҳоми “авбошӣ” парванда кушода, ӯро ҷабрдида эътироф кард, вале чанде нагузашта нисбат ба худи ӯ парванда боз кард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

XS
SM
MD
LG