Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокини Раштро, ки "ҷабрдида" эътироф шуда буд, ба "авбошӣ" айбдор карданд


Саъдулло Худоёров, сокини ноҳияи Рашт

Раёсати минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Рашт Саъдулло Худоёров, як сокини ин ноҳияро, ки иддао дошт, дар Боғи фароғатии ин ноҳия аз тарафи чаҳор нафар латту куб шудааст, ба “авбошӣ” айбдор кард.

Саъдулло Худоёров, бародари Ҷунайдулло Худоёров, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта буд, ки рӯзи 24-уми май 4 нафар ӯро дар Боғи фароғатии ноҳияи Рашт лату куб карданд ва “ҷоғашро шикастанд.”

Пештар дар Раёсати корҳои дохилии Рашт ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки дар нисбат ба ҳамлагарон бо иттиҳоми “авбошӣ” парванда боз кардаанд ва Худоёров "ҷабрдида" эътироф шудааст.

Пайвандони Саъдулло мегӯянд, баъди нашри хабари латту куби ӯ дар расонаҳо мақомоти Раёсати корҳои дохилии минтақаи Рашт бидуни шарҳи пешакӣ ӯро даъват намуда, алайҳи ӯ низ барои “авбошӣ” парванда боз карданд. Ин модда аз 500 то 1000 ҳазор нишондиҳанад (як нишондиҳанда 60 сомонӣ) ҷарима ва ё то ду соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Наздиконаш иддао доранд, ки парвандаи ҷиноӣ дар нисбати ӯ фармоишӣ аст, зеро Раёсати корҳои дохилии ноҳия Саъдуллоро ҷабрдида эътироф намуда буд.

Як намояндаи Раёсати корҳои дохилӣ бо шарти зикр нашудани номаш 14-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Саъдулло Худоёровро имрӯз ба Шӯъба даъват намуданд ва бо шоҳидон рӯ ба рӯ карданд.

Ба гуфтаи мақомот, чор нафаре, ки Саъдулло онҳоро ҳамлагар меномад, гуфтаанд, ки ӯ аввал онҳоро дашном додааст.

Саъдулло Худоёров рӯзи 14-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шоҳид “аз ман ҳимоят кард ва тасдиқ намуд, ки чаҳор нафар ҳамла карда, ба сару рӯяш задаанд.”

Ӯ гуфт, ки ҳамлагарон ҳоло даст доштани худ дар ҳамларо эътироф намекунанд. Назари чор нафаре, ки дар ҳамла ба Худоёров муттаҳам мешаванд, дастрас нашудааст.

Пештар Таҳмина Ризоева, муфаттиши Раёсати минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар беморхонаи “Қарияи Боло” бо Саъдулло Худоёров суҳбат кардаанд ва баъди ин ӯро ҷабрдида донистанд.

Саъдулло Худоёров, сокини ноҳияи Рашт ва бародари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, Ҷунайдулло Худоёров, шикоят карда буд, ки кормандони Боғи шаҳраки Ғарм ӯро заданд, аммо мақомот чора намеандешанд. Ҷониби дигари баҳс иддао дорад, ки Саъдулло Худоёров ҷанҷолро сар кард ва онҳо танҳо "посух" доданд.

Ҷунайдулло Худоёров ва бародари дигараш, узви Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Фарҳод Худоёров, ки ҳамвора аз кори мақомот дар Рашт танқид мекунанд, бовар доранд, ҳодисаи охир фишори навбатӣ ба оилаи онҳо аст.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG