Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани 65-сола дар Рашт ба авбошӣ гумонбар шуд. Мегӯяд: "маро заданд"


Мавҷигул Ғарибова

Модари Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро дар ноҳияи Рашт, шарқи Тоҷикистон, ба "авбошӣ" муттаҳам кардаанд. Мақомот гуфтанд, Мавҷигул Ғарибоваи 65-сола ба захмӣ кардани як сокини деҳаи Яшм гумонбар аст. Худи ӯ иттиҳомро беасос ва туҳмати берун аз доираи тасаввур номид.

Як корманди Идораи умури дохилии ноҳияи Рашт рӯзи 16-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба зидди Мавҷигул Ғарибова бар асоси қисми 3-и моддаи 237-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (авбошӣ) парванда кушоданд.

"Таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад", -- гуфт ҳамсуҳбати мо ва афзуд, "парванда бар асоси шикояти Алишер Насриддинов, сокини деҳаи Яшм, боз шуд."

Алишер Насриддинов, хешованди яке аз гумонбарон ба қатли Алиризо Худоёров, набераи Мавҷигул Ғарибова, аст. Ҳарду хонавода солҳо бо ҳам баҳс доштанд ва он дар моҳи июли имсол сабаби марги Алиризо шуд. Оилаҳо ҳар яке ба ҳақ будани худ пойфишорӣ доранд.

Мусоҳиби мо дар Идораи корҳои дохилии ноҳияи Рашт гуфт, Алишер Насриддинов бо пешниҳоди хулосаи тиббӣ иддао кардааст, ки рӯзи 27-уми октябри имсол Мавҷигул Ғарибова дар назди масҷиди деҳа бо санг ба сараш зад.

Мавҷигул Ғарибова, модари Ҷунайдулло Худоёров, "бигӯ-магӯ" дар назди масҷиди деҳаро тасдиқ кард, вале гуфт, он рӯз ӯ шатта хӯрдааст, на Алишер Насриддинов.

"Аз хонаи духтарам бармегаштам. Амаки Алишер Насриддинов фавтида буд. Дар роҳ аз ман пурсид, ки аз марги амакаш хушҳол ҳастам ё не. Гуфтам, ҳеч гоҳ хушҳол нестам, вале касе, ки набераам Алиризоро кушт, мемурд, беҳтар буд. Хашмин шуда, ба ман ҳамла кард ва ман афтодам. Сутунмуҳраам осеб дидааст," -- нақл кард ӯ.

Ғарибова мегӯяд, муфаттишон аллакай ӯро дар ин бора бозпурсӣ карданд: "Ин ки гуё бо санг зада бошам, дар шаъни мани пиразан туҳмат аст. Гуфтам, беҳтар аст, сари ӯро ташхис кунанд. Корманди милиса гуфт, дар сараш ҷароҳате нест. Пурсидам, ки пас чаро нисбати ман парванда кушодаед, чизе нагуфт."

Мо ба телефонҳои хонаводаи Алишер Насриддинов тамос гирифтем, вале онҳо ҷавоб надоданд ва мавқеашон ба ҳодиса дар ҳоли ҳозир дастрас нест.

Мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Рашт дар аввали моҳи ноябр гуфта буданд, ки ба зидди Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, парвандаи нав кушодаанд. Ӯро низ дар пайванд ба муноқишаи 27-уми октбяри имсол дар деҳаи Яшм ба "авбошӣ" муттаҳам медонанд.

Худоёров ин иттиҳомро сохта дониста, гуфт, ӯ солҳои охир дар Русия кору зиндагӣ мекард ва танҳо барои барқарории адолат дар қазияи бародарзодааш, Алиризо Худоёров, ба деҳа баргаштааст.

Ӯро соли 2018 бо гуноҳи пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи "Салафия" ба панҷ сол зиндон маҳкум карда, соли 2019 бар асоси қонуни афв озод намуданд. Вай он замон гуфта буд, ки бегуноҳ маҳкум шудааст ва парвандаро фармоишӣ донист.

Ҷунайдулло Худоёров ва бародари дигараш, узви Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Фарҳод Худоёров, ки ҳамвора аз кори мақомот дар Рашт танқид мекунанд, бовар доранд, ҳодисаҳои солҳои охир як навъ фишор ба онҳо аст.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG