Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷунайдулло Худоёровро дар Русия боздошт кардаанд


Ҷунайдулло Худоёров (Акси аввал: пас аз раҳоӣ аз зиндон; Акси дувум: боздошт дар Русия)
Ҷунайдулло Худоёров (Акси аввал: пас аз раҳоӣ аз зиндон; Акси дувум: боздошт дар Русия)

Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Русия боздошт ва барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шудааст.

Фарҳод Худоёров, бародари Ҷунайдулло Худоёров, 24-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ӯро ду рӯз қабл дар Березовои шаҳри Ханти Мансийск дастгир карданд.”

“Барояш вакили мудофеъ киро кардем. Агар исрор намеварзид, Ҷунайдуллоро рӯзи ҷумъа ба Тоҷикистон мефиристоданд,” – афзуд ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон ва Русия ҳанӯз сабаби боздошти Ҷунайдулло Худоёровро шарҳ надоданд.

Радиои Озодӣ рӯзи якшанбе санадеро дид, ки бинобар он Ҷунайдулло Худоёров бо дархости Раёсати минтақавии корҳои дохилии Рашт дастгир шудааст. Зери санад генерал-майор Саидзода М.Б. имзо гузошта. Дар он Ҷунайдулло Худоёровро ба авбошӣ (моддаи 237, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ) гумонзад кардаанд.

Худи Ҷунайдулло Худоёров дар навори кӯтоҳе аз толори додгоҳ гуфтааст, ӯро бар асоси шикояти наздикони оилае боздошт карданд, ки фарзандашон ба куштори бародарзодаи ӯ, Алиризо Худоёров, гунаҳкор аст.

Алиризо Худоёрови 21-сола, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Рашт, соли 2021 дар як занозанӣ бо зарби корд ба ҳалокат расид. Ҳарчанд дар марги ӯ ду нафарро дастгиру зиндонӣ карданд, баҳсу ҷанҷоли хонаводаҳо поён наёфт.

Ҷунайдулло Худоёровро соли 2018 ба гуноҳи пайравӣ аз ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия" ба панҷ сол зиндон маҳкум карда, соли 2019 бар асоси қонуни афв озод намуданд. Вай он замон гуфта буд, ки бегуноҳ маҳкум шудааст ва парвандаро супоришӣ донист.

Баъд аз раҳоӣ аз зиндон дар Русия буд, вале дар пайи кушта шудани бародарзодааш, Алиризо, ба деҳа баргашт.

Ҷунайдулло Худоёров ва бародари дигараш, узви Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Фарҳод Худоёров, ҳамвора аз кори мақомот дар Рашт танқид мекунанд. Бовар доранд, ки ҳодисаҳои солҳои охир фишор ба онҳост, то аз танқид лаб фурӯ банданд.

Ҷунайдулло Худоёров ва бародари дигараш, узви Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Фарҳод Худоёров, ки ҳамвора аз кори мақомот дар Рашт танқид мекунанд, бовар доранд, ҳодисаҳои солҳои охир фишор ба онҳо аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG