Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомдори қирғиз аз "авҷи таваҷҷуҳ"-и абарқудратҳо ба Осиёи Марказӣ гуфт


Оқилбек Ҷабборов, раиси девони вазирони Қирғизистон гуфт, "вақтҳои ахир авҷи таваҷҷуҳи абарқудратҳо ба Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад".

Оқилбек Ҷабборов дар суханрониаш дар форуми 6-уми коршиносони "Осиёи Марказӣ: вижагиҳои робитаҳои мутақобил", ки рӯзи 12 октябр дар шаҳри Бишкек баргузор шуд, гуфт равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа нишон медиҳанд, ки Осиёи Марказӣ "тасмим дорад, субъекти мукаммали равандҳои глобалӣ гардад".

"Ин нукта ҷолиб аст, ки марказҳои хориҷӣ ба минтақа ҳамчун ба як минтақаи воҳид назар мекунанд. Таваҷҷуҳ намоед, ки вақтҳои охир чандин саммит дар формати С5+1 баргузор мешавад", - гуфт Ҷабборов.

XS
SM
MD
LG