Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен Озарбойҷонро ба сулҳ дар Қарабоғ даъват кард


Энтони Блинкен бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон. Акс аз бойгонӣ.
Энтони Блинкен бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон. Акс аз бойгонӣ.

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии ИМА бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев телефонӣ гуфтугӯ кардааст. Блинкен бо Алиев вазъи Қарабоғи Куҳиро баррасӣ карданд .

Блинкен даъват кард, ки "амалиёти низомӣ фавран қатъ" ва аз ҳама гуна ташаннуҷ пешгирӣ шавад. Вазири корҳои хориҷии ИМА гуфт, масъалаи Қарабоғи Куҳӣ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва ҷонибҳо бояд барои ҳалли ихтилофи назар миёни Боку ва армантаборони Қарабоғи Куҳӣ аз гуфтугӯ кор бигиранд.

Вазорати мудофиаи Озарбойҷон субҳи рӯзи чаҳоршанбе хабар дод, ки "амалиёти маҳаллии зиддитеррористӣ ба таври муваффақона идома дорад".

Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон дар суҳбат бо Блинкен гуфт, Боку "амалиёти зиддитеррористӣ"-ро замоне қатъ мекунад, ки агар низомиёни арманӣ дар Қарабоғ силоҳи худро таслим кунанд.

Блинкен ҳамчунин бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян суҳбати телефонӣ анҷом додааст.

Артиши Озарбойҷон аз оғози амалиёти низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ, як минтақаи мавриди муноқишааш бо Арманистон, хабар дод.

Арманистон вазъро дар сарҳад ором тавсиф кард, вале ҳамзамон ҷаласаи Шӯрои амнияти ин кишварро даъват намуд.

Амалиёти нерӯҳои Озарбойҷон рӯзи 19-уми сентябр ва баъд аз таркише сар шуд, ки Боку онро кори “гурӯҳҳои харобкори арманӣ" номид. Тибқи гузоришҳо, дар ин ҳодиса чанд сарбози озарӣ кушта ва захмӣ шудаанд.

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян рӯзи сешанбе дар изҳороте гуфт, "мақсади Озарбойҷон ба амалиёти низомӣ кашидани Арманистон аст." Вай бори дигар таъкид кард, ки кишвараш дар Қарабоғи Куҳӣ артиш надорад.

Омбудсмени Қарабоғи Кӯҳӣ Гегам Степанян хабар дод, ки дар натиҷаи тирпаронии ҷониби Озарбойҷон ду нафар, аз ҷумла як кӯдак кушта шуданд. Ҳамчунин дар бораи захмӣ шудани чандин кас гузориш расид, ки ҳашт нафарашон кӯдак будаанд.

Ҷониби Озарбойҷон аз кушта шудани як сокини мулкӣ дар шаҳри Шуша (номи арманиаш Шуши) хабар дод.

Рубен Варданян, роҳбари пешини Қарабоғи Кӯҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки ба минтақа бо тиру тӯп ҳамла шуд. Дар Степанакерте (Ханкеди) бонги хатар заданд.

Фаронса барои баррасии вазъият дар Қарабоғи Куҳӣ хоҳони ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти Созмони Милал шуд. Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар изҳороте гуфт, "ҳеч баҳона амалиёти низомии Озарбойҷонро сафед карда наметавонад."

Бино ба ҳуқуқи байналхалқӣ, ҳудуди Қарабоғи Куҳӣ сарҳади Озарбойҷон ба ҳисоб меравад. Бештари аҳолии ин минтақаро арманиҳо ташкил медиҳанд. Аз ибтидои солҳои 90-ум қисми зиёди минтақа аз назорати Боку хориҷ шуд.

Арманиҳо дар ҳудуди Қарабоғ ҷумҳурии мустақил эълом карданд, аммо ҳеч кадом аз кишварҳои дунё, аз ҷумла Арманистон ин ҷумҳуриро эътироф накарданд.

Дар натиҷаи ҷанги кӯтоҳмуддати тирамоҳи соли 2020 Озарбойҷону Арманистон бо миёнаравии Русия созишнома имзо карданд. Боку қисми зиёди ҳудуди Қарабоғи Куҳиро зери назорат даровард. Ҳамзамон нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар минтақа ҷо дода шуданд.

Никол Пашинян, сарвазири Арманистон гуфт, сарбозони посдори сулҳи Русия вазифаҳои худро иҷро ва назорати долони Лочинро таъмин накарданд.

XS
SM
MD
LG