Ба иттилои Озарбойҷон, ин кӯмакҳо аз ду ҷониб - аз ҷониби Озарбойҷон тавассути Агдам ва аз ҷониби Арманистон тавассути долони Лочин расидаанд.
Ҳикмат Ҳоҷиев, ёвари президенти Озарбойҷон гуфт, убури мошинҳо тавассути Лочин исбот кард, ки "ҳеч гуна муҳосирае вуҷуд надошт".
Расонаҳои Арманистон навиштанд, 23 тонна орди Арманистон ба Степанакерт расидааст. Тавассути Агдам маҳсулоти тиббиву назофатӣ ирсол шудааст.
Пештар мақомоти Арманистон намехостанд, ки тавасусти Агдам ёрии башардӯстона ба Қарабоғи Куҳӣ ирсол шавад. Ахиран ба далели амиқ шудани буҳрони башарӣ дар Қарабоғи Куҳӣ, ба ин шарти Озарбойҷон розӣ шуданд.
Шуруъ аз 15 июн долони Лочин таҳти назорати Озарбойҷон аст. Бо ин вуҷуд Озарбойҷон ба муҳосира гирифтани Қарабоғи Куҳиро рад мекунад. Озарбойҷон Арманистонро бо он айбдор мекунад, ки ба Қарабоғи Куҳӣ сарбоз ва муҳимоти ҷангӣ ирсол мекунад.
Аз Қарабоғи Куҳӣ дар бораи норасоии маҳсулоти ғизоӣ, сӯзишворӣ ва маҳсулоти тиббӣ хабар мерасад.
Бино ба ҳуқуқи байналхалқӣ, ҳудуди Қарабоғи Куҳӣ сарҳади Озарбойҷон ба ҳисоб меравад. Бештари аҳолии ин минтақаро армантаборон ташкил медиҳанд. Аз ибтидои солҳои 1990 бештари қисми минтақа аз назорати Боку хориҷ шуд. Армантаборон дар ҳудуди Қарабоғ ҷумҳурии мустақил эълом карданд, аммо ҳеч кадом аз кишварҳои дунё, аз ҷумла Арманистон ин ҷумҳуриро эътироф накарданд.
Дар натиҷаи ҷанги кутоҳмуддати тирамоҳи соли 2020 Озарбойҷону Арманистон бо миёнаравии Русия созишнома имзо карданд. Боку қисми зиёди ҳудуи Қарабоғи Куҳиро таҳти назорат даровард. Ҳамзамон неруҳои посдори сулҳи Русия дар минтақа ҷо дода шуданд.
Никол Пашинян, сарвазири Арманистон гуфт, сарбозони посдори сулҳи Русия вазифаҳои худро иҷро ва назорати долони Лочинро таъмин накарданд.