Масъулони "Kloop.kg" гуфтаанд, ширкатҳои мобилии "О!" ва "Homeline" талаби Вазорати фарҳанги Қирғизистонро дар бораи масдуд кардани сомона аллакай иҷро намудаанд.
Онҳо мегӯянд, бо вуҷуди масдудшавии сомона талаби Вазорати фарҳанги Қирғизистон дар бораи пок кардани матлабҳои танқидиро иҷро нахоҳанд кард. Дар ҳоли ҳозир хондани матлабҳои хабаргузорӣ танҳо тавассути барномаҳои филтршикан имкон дорад.
Вазорати фарҳанги Қирғизистон рӯзи 7-уми сентябр бо фиристодани номае аз масъулони талаб карда буд, ки давоми ду рӯз гузориши "Сиёсатмадор Равшан Ҷеенбеков гуфт, дар боздоштгоҳ шиканҷа шудааст"-ро пок кунанд.
Ба иддаои вазорат, ин хабар "дурӯғ" аст. Дар номаи вазорат ҳамзамон омадааст, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз онҳо хостааст, ба сомона нома фиристанд.
Kloop.kg менависад, дар хабари мавриди назар изҳороти сиёсатмадори мухолиф Равшан Ҷеенбеков нашр шудааст. Ҷеенбеков шикоят карда буд, ки ӯро ба "утоқи намноку сард" бурда, "бо дастури КДАМ" шиканҷа мекунанд.
Рӯзи 28-уми август расонаҳои маҳаллии Қирғизистон хабар доданд, ки додситонии Бишкек аз додгоҳ хостааст, бунёди иҷтимоии "Клооп Медиа" (молики Kloop.kg) барҳам дода шавад. Дар шикояти додситонӣ аз ҷумла омадааст, дар натиҷаи ташхиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон муайян карда шуд, ки "матлабҳои расонаи мазкур ба танқиди сиёсатҳои ҳукумати кунунӣ равона шудаанд" ва "бештари матлабҳои расона хусусияти манфӣ дошта, ба бадномсозии намояндагони давлат бахшида шудаанд".
"Клооп Медиа" ин даъвои додситониро "фишори бесобиқа ба озодии баён дар Қирғизистон" унвон кард. Ҳуқуқшиносони расона тасмим доранд, аз болои даъвои додситонӣ шикоят баранд.
Гуфтугӯ