Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Кореяи Шимолӣ ҳимояташро аз Русия баён доштааст


Владимир Путин ва Ким Чен Ин
Владимир Путин ва Ким Чен Ин

Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, пуштибонии комил ва бидуни қайду шарти кишварашро аз манфиатҳои Русия эълон кардааст.

Вай ин изҳоротро рӯзи 13-уми сентябр дар мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин баён дошт.

Ким Чен Ин, ки рӯзи 12-уми сентябр ба Русия расид, муносибати Кореяи Шимолиро бо Маскав яке аз авлавиятҳои сиёсати давлаташ номид.

Дар ҳамин ҳол, Вашингтон ибрози нигаронӣ кардааст, ки Путин дар пайи ба даст овардани силоҳу таҷҳизот аз Кореяи Шимолӣ аст, то дар ҷанги бедалели худ дар Украина истифода барад.

Мулоқоти раҳбарони Кореяи Шимолӣ ва Русия, ба гуфтаи мансабдорони Кореяи Ҷанубӣ, баъд аз санҷиши ду мушаки дурпарвози Пхенян анҷом шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG