Ба навиштаи Радиои Азаттиқ – бахши қазоқии Радиои Озодӣ, раиси додгоҳи ноҳияи Сариоғоши вилояти Туркистони Қазоқистон Нурқозӣ Шетенов аз мақомаш истеъфо додааст.
Ин додрас барои ҳукми пешинааш нисбати Ғоибназаров мавриди маҳкумият ва интиқоди шадид буд. Дар як қазияи чанд моҳи пеш ин шахсро барои ҳамла бо табар ба ҳамсояаш ба ҷавобгарӣ кашиданд ва додрас ҳукме содир кард, ки дар озодӣ будани ӯро имкон медод. Ба бовари наздикони кӯдак, агар ин шахси дар гузашта 10 сол барои ширкат дар як куштор ҳабсшуда пушти панҷара мерафт, аз фоҷеаи моҳи июл пешгирӣ кардан мумкин буд. Манзур куштори духтарчаи 5-сола аст, ки 13 июл нопадид шуд ва баъдан ҷасадаш бо нишонаҳои ҷинояти ҷинсӣ дар боми як хонаи деҳаашон пайдо гардид.
Барои ин ҷиноят рӯзи 7 сентябр Сайдолим Ғоибназаров ба ҳукми ҳабси абад ва ахта маҳкум гардид. Худи ӯ дар додгоҳ танҳо дархост кард, ки ҳукмашро сабуктар кунанд.
Сухангӯи Додгоҳи олии Қазоқистон Марат Муҳаммадсолиев ба Азаттиқ рӯзи 8 сентябр гуфт, ки воқеан аризаи истеъфо дастрас шудааст, вале маълум нест чӣ қарор қабул хоҳад шуд. Муҳаммадсолиев нагуфт, ки дар шарҳи сабаби расмии номаи истеъфои додрас Шетенов чӣ навишта шудааст.