Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 39 кас барои муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Туркия


Истанбул, Туркия
Истанбул, Туркия

Пулиси Туркия 39 кас, аз ҷумла 5 шаҳрванди хориҷиро барои ғайриқонунӣ ворид кардани муҳоҷирон ба ин кишвар дастгир кардааст.

Вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Ерликая хабар дод, ки 26 гумонбар ҳабс ва 13 кас шартан озод шудаанд.

Ба гуфтаи вазир, амалиёти боздошти гумонбарон дар шаҳрҳои Муғла, Измир, Анталия ва Боликесир сурат гирифтааст.

Алӣ Ерликая афзуд, дар тамоми вилоятҳои Туркия амалиёти ҳамсон ҷараён дорад. Вай таъкид кард, ҳалли мушкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Туркия яке аз самтҳои афзалиятноки онҳост.

Ба ҳисоби ӯ, давоми ду моҳи охир дар Туркия барои боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ 2548 амалиёт анҷом шуда, дар натиҷа беш аз 35 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ дастгир ва зиёда аз 17 ҳазори онҳо аллакай ихроҷ карда шудаанд.

Дар Туркия амалиёти зидди муҳоҷирон баъд аз интихоботи президентӣ шуруъ шуда, то ҳол идома дорад. Ин гуна рейдҳо дар шаҳри Истанбули Туркия ҳамарӯза анҷом мешаванд. Расонаҳо навиштанд, ки пулиси Туркия танҳо дар пойтахти ин кишвар рӯзона сад касро дастгир мекунад ва дар миёни онҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG