Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигорони "Zo’r TV"-ро дар Тошканд латукӯб кардаанд


​​​​​​​Рӯзноманигор ва наворбардори телевизиони "Zo'r TV", ки барои бозтоби фурӯрезии роҳи чандинтабақа дар назди фурудгоҳи шаҳри Тошканд ба маҳалли ҳодиса рафта буданд, аз сӯи бинокорон латукӯб шудаанд.

Рӯзноманигор ва наворбардори телевизиони "Zo'r TV", ки барои бозтоби фурӯрезии роҳи чандинтабақа дар назди фурудгоҳи шаҳри Тошканд ба маҳалли ҳодиса рафта буданд, аз сӯи бинокорон латукӯб шудаанд.

Расонаи "Daryo.uz" бо истинод ба рӯзноманигори "Zo'r TV" Нурзодбек Воҳидов хабар дод, ки дар натиҷаи латукӯб бинии наворбардор Сардорбек Юлдошев шикастааст.

Худи рӯзноманигор осеби ҷисмӣ бардоштааст.

Дар навори нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, марде аввал кӯшиш мекунад онҳоро аз маҳалли сохтмон биронад ва сипас ба онҳо ҳамла мекунад.

Қаблан Додситонии нақлиёти Узбекистон хабар дода буд, ки дар робита ба фурӯрезии роҳи чандинтабақа дар назди фурӯдгоҳи шаҳри Тошканд, ки сохтмони он ҳанӯз ба поён нарасидааст, парвандаи ҷиноӣ кушод.

Дар доираи ин парванда се мансабдор дастгир шуда, зарар 2 миллиарду 760 миллион сӯм муайян гаштааст. Ширкати "Узбекистон темир йуллари" гуфт, ҳодиса аз беэҳтиётӣ рух додааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG