Мақомоти Украина рӯзи 9-уми июл гуфтанд, ки бар асари ҳамлаҳои Русия дар шаҳри Лимани вилояти Донетск камаш 9 ғайринизомӣ кушта ва 12 нафар захмӣ шуд.
Ҳамлаҳо 8-уми июл сурат гирифтанд. Дар санае, ки аз ҳуҷуми бедалели Русия ба хоки Украина 500 рӯз гузашт.
Волии Донетск Павло Кириленко дар Telegram навишт, тирпаронии нерӯҳои Русия танҳо ба як маҳаллаи истиқоматӣ боис ба харобии хонаву дӯкон шуд ва 5 нафарро захмӣ кард.
Нерӯҳои Русия рӯзи 8-уми июл бо ҳавопаймои бесарнишин шаҳри Кривой Роги Украинаро низ нишон гирифтаанд.
Дар ин ҳодиса камаш як нафар маҷруҳ шуда, чанд бино ва мошин осеб дид.
Гуфтугӯ