Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бетартибиҳо дар Фаронса баъди куштори як наврас аз сӯи пулис


Шаби чаҳоршанбе ба панҷшанбе дар Порис ва чанд шаҳри дигари Фаронса бетартибиҳо идома карданд. Ин бетартибиҳо баъди он сар заданд, ки пулис як навраси 17-соларо парронд.

Жералд Дарманен, вазири корҳои дохилии Фаронса аз боздошти ҳадди ақал 150 кас хабар кард.

Ширкатдорони бетартибиҳо даҳҳо мошинро оташ заданд, чанд кӯчаро бастанд, мағозаҳоро ғорат карданд, ба сӯи пулис сангу ахлот партофтанд. Пулис дар посух аз гази ашковар истифода кард.

Куштори наврас рӯзи 27 июн дар наздикии Порис рух дод. Ба иттилои пулис, наврас Наэл М., ки пушти фармони мошин буд, ба фармони пулис итоат накард ва дар натиҷа парронда шуд. Аммо дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки як пулис ронандаро ба нишон гирифтааст. Вақте мошин ҳаракат мекунад, пулис тир мекушояд ва тир ба синаи наврас мерасад. Пизишконе, ки ба ҷои ҳодиса омаданд, натавонистанд наврасро наҷот диҳанд. Ба иттилои расонаҳо, пулиси 38-сола, ки сӯи наврас тир кушод, боздошт шудааст.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон аз ин ҳодиса нигаронӣ карда, аз сокинон даъват кард, хушунатро қатъ ва оромиро ҳифз кунанд. Макрон аз мақомоти кишвараш хост, аз сӯи пулис кушта шудани наврасро дар кутоҳтарин муддат таҳқиқ кунанд.

XS
SM
MD
LG