Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухангӯйи Содир Ҷабборов қазияи "фабрикаи ҷавоб"-ро шарҳ дод


Сардори Хадамоти сиёсати иттилоотии дастгоҳи иҷрояии президенти Қирғизистон рӯзи 22-юми июн таҳқиқоти "Checkit Media"-ро дар бораи “фабрикаи ҷавоб” шарҳ дод. Дар таҳқиқот аз Дайирбек Орунбеков ном гирифтаанд.

"Ман онро дидам. Аввалин чизе, ки шубҳаи бинандаро меорад, ин манбаи беном аст. Дувум, муаллифон рӯзноманигорони шабакаҳои давлатиро барои бознашри матлабҳои мусбат, ки аз пешравии кишвар дарак медиҳанд, "троллҳо" номидаанд. Онҳоеро, ки танқид мекунанд, ҷанбаҳои манфиро меҷӯянд ё маълумотеро, ки нуфузи давлатро паст мезанад, нашр ва ҳамзамон дигаронро таҳқир мекунанд, рӯзноманигори таҳқиқотгар номидан номумкин аст. Ман ин таҳқиқотро туҳмат ва дасткорие дар сатҳи овозаҳо қабул мекунам", - изҳор доштаас ӯ.

Саҳифаи "Checkit Media" рӯзи 20-уми июн дар Ютуб таҳқиқотеро ба номи "Оё президенти Қирғизистон ба пуштибонии фейкҳо ниёз дорад?" нашр кард.

Дар он гуфта мешавад, кормандони шуъбаи Ширкати миллии телевизион ва радиои Қирғизистон дар бораи паҳн кардани иттилоъ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо фейкҳо ҳамкорӣ мекунанд.

Муаллифи таҳқиқот Асел Сооронбоева мегӯяд, аз замони таъсиси ин шуъба дар моҳи ноябри соли 2022 дар як қатор саҳифаҳо матлабҳое нашр мешаванд, ки дар онҳо ҳукумат тавсиф ва мухолифон, расонаҳои мустақил ва созмонҳои ғайритиҷорӣ танқид мешаванд.

"Checkit Media" мегӯяд, ингуна матлабҳо дар баробари дар саҳифаҳои хусусии кормандони Ширкати миллии телевизион ва радиои Қирғизистон нашр шудан, тавассути саҳифаҳои сохта ҳам дар шабакаҳо паҳн карда мешаванд.

Манбаи "Checkit Media" дар ширкат гуфтааст, шуъбаи мазкур монанд ба як "фабрикаи ҷавоб" аст, ки бевосита аз сардори Хадамоти сиёсати иттилоотии дастгоҳи президенти Қирғизистон Дайирбек Орунбеков дастур мегирад. Худи Орунбеков ин иддаоро рад мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG