Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар як моҳ ба Чин 25 тонна гелос фурӯхтааст


Тоҷикистон дар моҳи майи имсол ба миқдори рекордӣ ба Чин гелос содирот кардааст.

Пойгоҳи "EastFruit" хабар дод, ки танҳо дар моҳи май аз Тоҷикистон ба Чин 25 тонна гелос бурда шуд.

Аз Узбекистони ҳамсоя, ки маъмулан дар фурӯши ин навъи мева пешсаф будааст, имсол дар моҳи май ба Чин танҳо 9 тонна гелос фурӯхтаанд.

Ба таъкиди таҳлилгарони пойгоҳи "EastFruit", Чин ҳар сол ба маблағи 5 миллиард доллар аз хориҷа гелос мехарад.

Аксар молу маҳсулот ба Тоҷикистон аз Чин оварда мешавад. Тоҷикистон ба ин кишвар асосан маҳсулоти кишоварзӣ мефиристад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG