Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Қазоқистон дастаи Ирландияи Шимолиро шикаст дод


Дастаи мунтахаби футболи Қазоқистон дар сабқати интихобии қаҳрамонии “Аврупо-2024” тими Ирландияи Шимолиро дар Белфаст ба ҳисоби 1:0 шикаст додааст.

Ягона голро ҳамлагари даста Абат Аймбетов дар дақиқаҳои охирини вақти асосӣ ба нишон расонд.

Бори севум аст, ки мунтахаби Қазоқистон дар доираи бозиҳои интихобии қаҳрамонии “Аврупо-2024” дар Белфаст пирӯзӣ ба даст меорад.

Футболбозони қазоқ пештар тими Сан-Мариноро ба ҳисоби 3:0 ва дастаи Данияро дар майдони худ ба ҳисоби 3:2 шикаст дода буданд.

Мунтахаби Қазоқистон дар айни ҳол бо Финландия, ки пас аз чаҳор бозӣ се пирӯзӣ ва 9 имтиёз касб кардааст, дар ҷойи аввал меистад. Дания бо ҳафт имтиёз дар ҷойи севум аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG