Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Остона хост, раиси пешини КДАМ 18 сол дар ҳабс монад


Додгоҳи шаҳри Остона шикояти раиси пешини КДАМ-и Қазоқистон Карим Масимов ва ду муовини собиқи ӯ Ануар Содиқулов ва Даулет Ергожинро баррасӣ карда, ҳукми онҳоро қисман тағйир додааст.

Дар иттилоияи хадамоти матбуотии додгоҳ омадааст, "додрас зиндонеро, ки қарор буд маҳкумшудаҳо дар он нигаҳдорӣ шаванд, иваз карда, боқии ҳукмро бетағйир гузошт."

Собиқ раиси КДАМ-и Қазоқистон ба гуноҳи "хиёнат ба давлат" ва "талоши ғасби қудрат" дар ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 ба 18 сол зиндон маҳкум карда шудааст.

Додгоҳ, инчунин, амр дода, ки ҳамаи дороиҳои Карим Масимов мусодира ва тамоми умр аз ҳаққи дарёфти мақоми давлатӣ маҳрум шавад. Се муовини Масимов - Ануар Содиқулов 16 сол, Даулет Ергожин 15 сол ва Марат Осипов 3 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Масимовро дар авҷи эътирозҳои мардумӣ ва беназмиҳои мусаллаҳона дар чанд вилояти Қазоқистон ҳабс карданд. Ӯ мансабдори баландпояи ҳукумат буд, ки аз рӯйи он ҳодисаҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Масимовро шахси наздик ба собиқ президент Нурсултон Назарбоев меномиданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG