Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз паси муҳоҷирон... Русия донишҷӯёнро ба Мариупол мефиристад


Мариупол
Мариупол

Ҳукумати Русия тасмим дорад, дар барқарорсозии Мариуполи вайроншуда дар Украина донишҷӯёнро ҷалб кунад.

Ин минтақа аз тарафи нерӯҳои Русия ишғол шудааст.

Муовини сарвазири Русия, Татяна Голикова, гуфт, тобистони имсол дастаҳои донишҷӯён дар барқарорсозии зерсохторҳои Мариупол иштирок мекунанд.

"Ин тобистон имконоти навро барои шумо фароҳам меорад. Бовар дорам, аз уҳдаи вазифаҳои дар пешатон гузошташуда мебароед", - гуфт Голикова дар муроҷиат ба донишҷӯён.

Вай илова кард, ки донишҷӯёни Русия то ин замон барои барқарории маҷмааи "Саур-Могила" дар вилояти Донетск ҷалб шудаанд.

Ин маҷмаа дар натиҷаи амалиёти низомӣ тахриб шуда буд.

Русия то ин дам гуруҳи зиёди муҳоҷиронро аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ба Мариупол фиристодааст. Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик аз он шикоят доштанд, ки чандин моҳ дар ин гӯшаи вайроншудаи Украина кор карданд, вале пул нагирифтанд.

Мариупол дар моҳи майи соли 2022 аз сӯи артиши Русия ғасб шуд. Владимир Зеленский, президенти Украина, гуфта буд, ки 95 дарсади биноҳои шаҳр вайрон шудааст. Ба гуфтаи вай, "Мариупол на танҳо яке аз калонтарин шаҳрҳои Украина, балки Аврупо аст".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG