Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истифодаи ҳуши маснуӣ барои пешгирӣ аз кори ғайриқонунӣ дар Амрико. ВИДЕО


Истифодаи ҳуши маснуӣ ба зидди истисмори коргарон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Солона миллионҳо кӯдак маҷбур корҳои сахту машаққатбореро анҷом медиҳанд. Ба гуфтаи Созмони Милал кӯдакону наврасони аз 5 то 17-солаи коргар 160 миллион нафар ҳастанд.

Барои пешгирӣ аз кори ғайриқонунии онҳо Алеҳандро Майоркас, вазири амнияти дохилии Амрико, гуруҳеро таъсис додааст, ки бояд бо истифода аз ҳуши маснуӣ монеи воридоти молҳое шаванд, ки бо истисмори коргарон тавлид шудаанд.

“Мо мекӯшем, барои тафтиши борҳо ва маълум кардани молҳои тавлидшуда аз роҳи кори маҷбурӣ аз ҳуши маснуӣ бештар истифода барем,” – гуфт вазири амнияти дохилии Амрико.

Теа Ли, намояндаи Вазорати кори Амрико, мегӯяд, агар мушкили кори иҷборӣ дар сарчашмаҳояш ҳал шавад, беҳтар мебуд.

Ба қавли ӯ, “ҳуши маснуӣ абзори фавқулода тавоно барои кашфу дарёфти иттилоот аст. Масалан, дар бораи маъдани кобалт маълумот мегиред, ки шояд дар Конго истихроҷ шудааст. Ин кобалт дар истеҳсоли аккумуляторҳои литиумӣ дар Чин ба кор меравад ва сипас ин аккумуляторҳоро дар мошинҳои Амрико меёбед.”

Ҳуши маснуиро метавон ҳамчунин дар марз барои ёфтани молҳои қалбакӣ ба кор бурд, ки бо заҳмати кӯдакон тавлид шудаанд.

Пат Симмонс, намояндаи Идораи гумруки Амрико, мегӯяд, “бандари бузургтарини мо, ки ингуна молҳо ба онҷо ворид мешаванд, бандари Лос Анҷелес аст, ки солона миллионҳо контейнери молҳои гуногунро қабул мекунад. Ҳуши маснуӣ инҷо нақши бузурге иҷро карда метавонад. Метавонад, маълум кунад, ки бор аз куҷо омадаасту куҷо меравад. Ин муаммоҳоро ҳуши маснуӣ назар ба одам фавқулода зудтар ҳал мекунад.”

Бо вуҷуди муфид будани ҳуши маснуӣ, коршиносон мегӯянд, бояд зимни истифодаи он эҳтиёт кард.

“Медонам, ҳуши маснуӣ бояд муҳитро биёмӯзад. Вақте шумо саъй мекунед, муҳити Чинро омӯзед, аз онҷо иттилои дуруст гирифтан сахт аст. Чӣ гуна шумо иттилооти дурустро аз нодуруст ҷудо мекунед. Кӣ маълум мекунад, ки хулосаи ҳуши маснуӣ дуруст аст,” – гуфт Аллен Ҷина, мутахассиси собиқи Идораи гумруки Амрико.

Интизор меравад, гуруҳи Вазорати амнияти Амрико моҳҳои оянда дар бораи натиҷаҳои кораш гузориш бидиҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG